Сайт работает в тестовом режиме!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

Маљлиси умумї дар комиљроияи ибтидоии њизбии «Роњи умед»-и ЊХДТ дар Раёсати КВД «Роњи оњани Тољикистон» аз 20.04.2020

21 Апрель 2020

 

 

Маљлиси умумї дар комиљроияи

ибтидоии њизбии «Роњи умед»-и ЊХДТ дар Раёсати

КВД «Роњи оњани Тољикистон» аз 20.04.2020

Иштирок доштанд: Мирзоалї Комил Љумъахон – Сардори КВД «Роњи оњани Тољикистон» - раиси комиљроияи ибтидоии њизбї, аъзои Раёсати комиљроияи ибтидоии ЊХДТ, сардорони хадамотњо ва ташкилоту муассисањои роњи оњан

РЎЗНОМАИ МАШВАРАТ:

Коронавирус –роњњои пешгирии он ва таблиѓи тарзи њаёти солим

Нахуст аз рўи масъалаи рўзнома Сардори КВД «Роњи оњани Тољикистон» - раиси комиљроияи ибтидоии њизбї К. Мирзоалї ба њозирин оид ба талошу иќдомњои раиятпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бањри ободию шукуфоии мулк, нуктањои калидии Паёми Пешво маълумоти фарогир дода, сипас оид ба тадбирњои аввалиндараљаи пешгирї ва кам кардани таъсири хавфњои эњтимолии коронавируси Covid-2019, риояи гигиенаи шахсї, дода нашудан ба њангомаву воњимањои беасосу бебунёд, истифода аз маводи антисептикї, мурољиати сариваќтї ба табибон, кўмак ба дармондаву ниёзмандон бобати тозакориву безараргардонии манзилњои зисташон, ривољи хайру эњсонкорї дар арафаи моњи шарифи Рамазон, пешгирии исрофкорї, ањамият додан ба тањсилоти пайвандон ва дигар масоили доѓи рўз сўњбат карданд.

Сипас сартабиби хадамоти тиббию санитарї – Беморхонаи КВД «Роњи оњани Тољикистон Њайдар Ёров иттилоъ дод, ки дар Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» љињати иљрои сариваќтї ва босифати Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 18.03.2020 №АП-1365 ва Наќшаи чорабинињо оид ба пешгирї ва кам кардани таъсири хавфњои эњтимолии коронавируси Covid-2019 дар љањон ба иќтисодиёти миллї бо Фармоиши №72 аз 27.03.2020 наќша-чорабинињои дохилиидоравї тањия гардида, гурўњи корї оид ба пешгирии ин бемории сироятї ташкил шудааст, ки он мувофиќи имкониятњо бо лавозимоту техника ва доруворї таъмин мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи мутахассисони хадамоти тиббию санитарии корхона дар њамкории созанда бо масъулини Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва Кумитаи бехатарии озуќаворї дар тамоми муассисањои таркибии КВД «Роњи оњани Тољикистон» чорањои зиддиэпидемикї амалї карда мешавад. Аз љумла дар байни роњбаладон корњои фањмондадињї ва расонидани ёрии аввалияи тиббї дар њолати гумонбарии мусофирон бо нишонањои коронавирус гузаронида, дар вокзалњои Душанбе, Хуљанд ва Бохтару Кўлоб њамарўза лексияњо хонда шуда, корњои фањмондадињї гузаронида мешавад.

 

photo1

 

Дар баробари ин толорњои истгоњу вокзалњо ва биноњои маъмурии корхонањои роњ бо лавњањои иттилоотии зидди ин вабои аср таъмин карда шуда, пайваста корњои безараргардонии махсус гузаронида мешавад.

Ба таври мушаххас дар ин муддат зиёда аз 17 њазор мусофир аз муоинаи тиббї гузаронида шуда, таќрибан 500 вагони боркаше, ки аз кишварњои осебпазир ба ќаламрави мо ворид гардиданд, бо маводњои антисептикї безарар гардонида шудаанд. Корњо дар ин самт зери назорати ќатъї буда, бањри пешгирии беморињои сироятї пайваста чораљуї карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки феълан фароѓатгоњи беруназшањрии роњиоњанчиён дар дараи Ромит барои 100 љой ва поезди санитарї дорои 376 љой барои карантин омода карда шудааст.

Корњо дар ин самт тањти назорати доимї ва љиддї ќарор дорад.

Image Gallery