Қоидаҳои кашонидани кўдакон дар қатораҳои мусофирбарӣ
Бо 1 мусофир танҳо 1 кўдак, ки синнаш то 5 сола аст ва ҷойи хоби алоҳидаро ишғол намекунад, мумкин аст ройгон сафар намояд.
Кўдакони синнашон то 5 сола бо шахсони калонсол дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ сафар карда ҷойи хоби алоҳидаро ишғол намекунанд лозим аст, ки бо ҳуҷҷати сафарӣ бенишондоди ҷойи хоб ва бапардохти роҳкиро таъмин карда шаванд.
Барасмият даровардани ҳуҷҷати сафарии кўдак, ки ҷойи алоҳидаро ишғол намекунад бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуди кўдак ё ин ки шиносномаи хориҷии волидайн, ки дар он номи фарзандон қайд шудааст, ба иҷро расонида мешавад.
Барои ишғоли ҷойи алоҳидаи кўдаки синнаш то 5 сола лозим аст, ки ҳуҷҷати сафарии кўдакона ба расмият дароварда шавад. Ҳаққи роҳкиро барои ҳуҷҷати сафарии кўдак дар ҳаҷми 35% аз тарифи умумӣ тартиб дода мешавад.
Ҳангоми сафар бо мусофир кўдаки синнаш то 5 сола аз 1-то зиёд, инчунин барои ҳар як кўдаки аз 5 то 10 сола ҳуҷҷати сафарии кўдакона барасмият дароварда мешавад. Барои кўдакони аз 10 сола боло ҳуҷҷати сафарӣ бо арзиши пурра ба расмият дароварда мешавад.
Кўдакони то синни 10 сола беҳамроҳии калонсолон дар қатора барои сафар кардан иҷозат дода намешаванд, истисно аз хонандагоне, ки барои ба мактаб рафтан аз нақлиёти роҳи оҳан истифода мебаранд.
Кўдакони беҳамроҳ ва беҳуҷҷати сафарӣ бударо лозим аст, ки ба наздиктарин шуъбаи корҳои дохилии дар нақлиётбуда супорида шаванд.
Сафар кардани кўдакон дар қатораҳои байналмилалӣ
Ройгон-барои кўдакони то 5 сола беишғоли ҷойи алоҳида (1 кўдак ба 1 мусофир) дар мувофиқа бо тарифи барои кўдакони аз 5 то 10 сола ҳуҷҷати сафарӣ барасмият дароварда мешавад.
Сафар кардани кўдакони то 10 сола дар қатораҳои байналмилалӣ бе ҳамроҳи калонсолон иҷозат дода намешавад, истисно аз ҳолатҳое, ки хонандагон дар муассисаҳои маълумоти умумӣ таҳсил мекунанд ва аз нақлиёти роҳи оҳан истифода мебаранд.
Синни кўдак аз рўзи ба сафар баромадан муайян карда мешавад. Агар дар рўзи гусели қатора кўдак 10 солагиро пур кунад, барои он ҳуҷҷати сафарӣ аз рўи тарифи кўдакона барасмият дароварда мешавад.
Ҳангоми савор шудан кўдаки синнаш ба 14 солагӣ расида дар қатораҳои байналмилалӣ лозим аст, ки шаҳодатномаи таваллуди аслӣ, ё ин ки нусхаи тасдиқ кардаи нотариалӣ пешниҳод карда шавад.
Ҳангоми савор шудани мактаббача аз рўи имтиёзи ҳуҷҷати сафарӣ лозим аст, ки маълумотнома аз муассисаҳои маълумоти умумии шуъбаи таълими рўзона, ки муассисаи мазкур тасдиқ кардааст пешниҳод намояд.
Дар маълумотнома ному насаби хонанда, маълумоти ҳатмӣ дар ҳуҷҷатҳои юридикӣ, ки бе он муомила беэътибор шуморида мешавад, суроғаи мактаб, рақам ва таърихи рўз қайд шуда бошанд. Маълумотнома лозим аст, ки бо муҳри мактаб ва имзои роҳбари муассисаи таълимӣ, ё шахси ивазкунанда тасдиқ шуда бошад.
Сафар кардани кўдакон дар қатораҳои наздишаҳрӣ
Ройгон барои кўдакони то 5 сола.
Дар мувофиқа бо тариф барои кўдакони аз 5 то 7 сола.
Барои кўдакони аз 7 сола боло ҳуҷҷати сафарӣ аз рўи тариф барои сафар кардани калонсолон барасмият дароварда мешавад.
Сафар кардани кўдакони то 7 сола дар қатораҳои аллоқаи байнишаҳрӣ беҳамроҳи калонсолон роҳ дода намешавад.
Агар дар рўзи гусели қатора кўдак 7 солагиро пур карда бошад, барои вай аз рўи тарифи кўдакона ҳуҷҷати сафарӣ (билет) барасмият дароварда мешавад.
Ҳангоми сафар дар қатораҳои алоқаи наздишаҳрӣ бо нишондоди ҷой барои кўдакони то 5 сола, ҳуҷҷати сафарии бепул барасмият дароварда мешавад.
Локин ҳангоми сафар дар қатораҳои алоқаи байнишаҳрӣ бо нишон додани ҷой барои кўдаки то 5 сола, ки ҷойи алоҳидаро ишғол мекунад, барои он аз рўи тарифи кўдакона ҳуҷҷати сафарӣ барасмият дароварда мешавад.