ГУП «Рохи охани Точикистон»

Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2017-2019

Лоиҳа

Созишномаи соҳавии байни маъмурияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва

Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон

барои солҳои 2017-2019

Созишномаи соҳавии мазкур (минбаъд-Созишнома) мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ» ва Оиномаҳои ҷонибҳо тартиб дода шуда, байни маъмурияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (минбаъд-Роҳи оҳан) ва Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон (минбаъд- Иттифоқи касаба) ба таъмини кори муназзами нақлиёти роҳи оҳан, ниёзу талаботи боркашонии мардум ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳаро дар шароити иқтисоди бозорӣ муайян мекунад.

Созишномаи мазкур санади ҳуқуқӣ ва барои баста шудани созишномаҳои коллективӣ асос буда, ҳуқуқҳои коллективҳои меҳнатиро барои васеъ кардани кафолатҳои иҷтимоию имтиёзҳоро маҳдуд намекунад, дар сурате, ки барои таъмини онҳо маблағи зарурии худро дошта бошанд.

ТАРАФҲО ҚАРОР КАРДАНД:

1. Маъмурияти Роҳи оҳан КҶ иттифоқи касабаро ба сифати ягона ташкилоти аз номи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон гуфтушунидбаранда мешиносад.

2. Маъмурияти Роҳи оҳан ва КҶ иттифоқи касаба вазифадоранд шартҳои дар Созишномаи мазкур муқарраршударо риоя кунанд.

3. Муқаррароти Созишномаи соҳавӣ манфиатҳои ҳамаи коргарон, хизматчиёну мутахассисони корхонаву муассисаҳои Роҳи оҳан, инчунин нафақахўрони аъзои иттифоқи касабаро, ки аз корхонаву муассисаҳои Роҳи оҳан ба нафақа баромадаанду кор намекунанд ва нафақахўрони роҳиоҳанчиёро, ки аз мамлакатҳои узви ИДМ омада, дар ташкилоти иттифоқи касабаи яке аз муассисаҳои Роҳи оҳан ба қайд гирифта шудаанд, инчунин манфиатҳои Роҳи оҳанро фаро мегиранд.

Тағиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур дар ҷаласаи якҷояи Шўрои техникӣ-иқтисодии Роҳи оҳан ва Президиуми КҶ иттифоқи касаба қабул ва дохил карда мешаванд.

I. ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛИЮ ИҚТИСОДИИ РОҲИ ОҲАН

Маъмурияти Роҳи оҳан вазифадор аст:

1.1 Барои фаъолияти мўтадил ва истифодаи босамари иқтидори молиявӣ шароит фароҳам меорад.

1.2. Таъминоти моддиву техникии истеҳсолот ва сохтмони асосиро ташкил менамояд.

1.3. Бо мақсади ба даст овардани даромади иловагӣ хоҷагиҳои ёрирасонро ташкилу инкишоф медиҳад.

1.4. Фаъолияти устувори Роҳи оҳан, эҳтиёҷоти боркашонии хоҷагии халқи ҷумҳуриро таъмин карда барои баланд бардоштани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат, афзоиши даромаднокӣ ва сатҳи зиндагию ҳимояи иҷтимоии роҳиоҳанчиён, шароити иҷтимоию иқтисодии лозимиро фароҳам оварда, барои боз ҳам пурратар таҷҳизонидани Роҳи оҳан бо воситаҳои наву муосири техникӣ чораҳои комплексӣ қабул ва татбиқ менамояд.

1.5. Мувофиқи зарурат аз ҷумлаи тамомкунандагони пешқадами мактабҳои миёна, бо мақсади қонеъ гардонидани зарурати истеҳсолот ба мутахассисон шумораи заруриро ба мактабҳои олӣ барои таҳсил аз ҳисоби Роҳи оҳан мефиристад.

1.6. Аз рўйхати кормандони варзидаву собиқадори гуруҳҳои асосии истеҳсолӣ ва роҳбарону мутахассисоне, ки бинобар паст шудани ҳаҷми боркашонӣ дар ҷои кориашон муваққатан истифода намешаванд, захираи кадрӣ таъсис дода мешавад. Миқдори сифати ҳайати захираи кадрӣ ва тартиби муваққатан истифода шудани онҳо дар дигар корҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳо дар мувофиқа бо кумитаҳои иттифоқи касаба муқаррар карда мешавад.

II. МАОШ, МЕЪЁРБАНДӢ, ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ҶУБРОНИ МЕҲНАТ

2.1. Тамоми кормандони истеҳсолии соҳаи нақлиёти Роҳи оҳан ба шароити нави меҳнат дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ гузаронида шаванд. Тарифбандӣ ва додани дараҷа (категория) ба коргарону хизматчиён аз рўи маълумотномаҳои амалкунандаи тарифию ихтисосии корҳову ихтисосҳои коргарон, маълумотномаи соҳавии вазифаҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиҳо анҷом дода мешавад.

2.2. Ҳангоми муқаррар намудани ставкаҳои тарифӣ ва музди меҳнати вазифавӣ ба кормандони як касбу тахассус ва вазифаҳои баробарихтисос, ки дар шароити якхела машғули коранд, ба тафриқаву тафовут роҳ дода намешавад.

2.3. Ба сифати кафолати ҳадди ақал иловапулӣ ва изофапулиҳои дар Роҳи оҳан истифодабуда нигоҳ дошта мешавад.

2.4. Аз рўи натиҷаҳои санҷиши аттестатсионии ҷойҳои корӣ, ставкаҳои тарифӣ ва музди меҳнати кормандон мувофиқи рўйхати соҳавии корҳои вазнин ва шароити бади корӣ баланд карда мешавад.

2.5. Мувофиқи моддаи 70 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар басти (сменаи) шабона ба кормандон имтиёз дода мешавад. Басти шабона аз соати 22 то 6 субҳ ҳисобида мешавад.

2.6. Бо мақсади пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон дар навбати аввал маблағҳои молиявӣ ба ин самт равона карда шавад. Музди меҳнат тибқи моддаи 108 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2.7. Аз нав дида баромадану ҷорӣ кардани меъёрҳои нави хароҷоти меҳнатӣ ва тағйир додани шароити пардохти музди меҳнат бо далелу бурҳони аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ асоснок анҷом дода шуда, як моҳ пеш аз ҷорӣ намудани онҳо кумитаи дахлдори иттифоқи касаба огоҳ карда мешавад.

2.8. Ҷоринамоӣ, тағйирдиҳӣ ва аз нав дида баромадани меъёрҳои хароҷоти меҳнатӣ ва нархнома дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба гузаронида мешавад.

2.9. Нақши ҳавасмандгардонии мукофотпулӣ барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, баланд бурдани самаранокӣ, сарфакории тамоми намуди манбаю захираҳо, ҳифзи дороии давлатии интиқолёбанда ва билохира баланд бардоштани даромаднокии Роҳи оҳан ва сатҳи зиндагии кормандон дар асоси Низомнома дар бораи мукофотпулии кормандон, ки аз ҷониби ҳар як корхонаи Роҳи оҳан ба таври мустақилона тарҳрезӣ мегардад, бурда мешавад. Ҳангоми зиёд шудани ҳаҷми корҳо ва баланд рафтани даромаднокии корхона Низомнома дар бораи мукофотпулӣ аз нав дида баромада мешавад.

2.10. Санаду ҳуҷҷатҳои ба манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии меҳнаткашон дахлдошта (сметаи хароҷоти корхона, низомнома дар бораи мукофотпулӣ, фармонҳои ҳавасмандгардонӣ, вориднамоии ставкаҳои нави тарифию музди меҳнати вазифавӣ), бо кумитаи иттифоқи касаба мувофиқа карда мешавад.

2.11. Дар сурати мавҷуд будани имконияти молиявӣ музди меҳнати кормандони роҳ бардошта мешавад.

На камтар аз як маротиба дар 1 (як) сол музди меҳнати кормандони соҳаи роҳи оҳан мувофиқи омори расмӣ ва имкониятҳои молиявии Роҳи оҳан индексатсия карда мешавад.

2.12. Мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 105) изофакорӣ ва кори рўзҳои истироҳату ид дар ҳаҷми дукаратаи музди меҳнат пардохта мешавад.

2.13. Дар сурати зарурати истеҳсолӣ гузаронидани корманд ба вазифаи дигар ба муддати то 1 моҳ бо нигоҳ доштани музди меҳнати на камтар аз музди меҳнати собиқааш имконпазир мебошад.

2.14. Дар сурати бозистодани корҳо, коргарон бо назардошти ихтисос ва собиқаи кориашон ба вазифаи дигар дар корхонаи мазкур то ба анҷом ёфтани бозистии истеҳсолот ва ё бо розигии корманд ўро ба муддати то 6 моҳ ба корхонаи дигари ҳамин минтақа гузаронидан мумкин аст.

2.15. Дар сурати бо хоҳиши корманд ва сабабҳои асоснок, муваққатан гузаронидани ў ба вазифаи дигар аз рўи имконияти мавҷуда музди меҳнат мувофиқи кори анҷомёбанда пардохта мешавад.

2.16. Ба кормандоне, ки дар хатти роҳ кор мекунанд, корашон хусусияти гардишӣ дорад, инчунин сафарҳои корӣ дар ҳудуди қитъаи кори онҳо пардохти баробар анҷом дода мешавад.

Ҷуброни хароҷоти роҳиоҳанчиёне, ки корашон дар хатти роҳ буда, хусусияти гардишӣ дошта, инчунин дар сафари корӣ дар ҳудуди қитъаоти хизматрасониашон мувофиқи Низомнома «Оиди тартиб ва миқдори подоши хароҷотҳои коркунони роҳиоҳанчиёне, ки кори ҳамавақтаи (доимии) онҳо дар хатти роҳ мегузарад ва хусусияти гардишӣ дорад, инчунин дар сафарҳои корӣ (служебная поездка) дар ҳудуди қитъаоти хизматрасонии онҳо», ки бо фармони Сардори роҳ аз 12.02.1996 сол №64 тасдиқ шудааст, пардохта мешавад.

III. БО КОР ТАЪМИН КАРДАНИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ РОҲ

3.1. Таъмини пурраи кашондани борҳо, барои бурдан пешниҳодшаванда, васеъ кардани соҳаи хизматрасонии пулакӣ, барпо кардани ҷойҳои нави корӣ дар хоҷагиҳои ёрирасон бо мақсади истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, анҷом додани таъмири техникаю механизм ва таҷҳизот, бо истифода аз майдону таҷҳизоту воситаҳо ва қувваи истеҳсолии бекормондаи корхонаҳои роҳ ба амал бароварда мешавад.

3.2. Ду моҳ пеш огоҳ намудани мақомоти дахлдори иттифоқи касаба дар бораи барҳам додани корхонаҳои тобеи Роҳи оҳан ва ё воҳидҳои он, пурра ва ё қисман боздоштани истеҳсолот, ки ба ихтисори ҷойҳои корӣ ва ё бад шудани шароити меҳнат оварда мерасонад, ҳатмӣ мебошад.

3.3. Дар сурати кам шудани ҳаҷми корҳо (боркашонӣ) бо мақсади нигоҳ доштани кадрҳои соҳибихтисоси роҳиоҳанчӣ, ҷойҳои корӣ ва миқдори онҳо, дар мувофиқа бо кумитаҳои дахлдори иттифоқи касаба чорабиниҳои ташкилию техникӣ бо пешбинии муваққатан гузаштан ба реҷаи рўзи нопурраи корӣ барои гурўҳи алоҳида кормандон, сехҳо, корхонаҳо ва ё қисмати онҳо, ба роҳ андохтани танаффусҳо, ҷадвали мунтазами ба қисмҳои басти корӣ тақсимшуда, аз рўи ҳаҷми корҳо дар қисматҳои муайяни шабонарўз, ҳафта, пешниҳоди рухсатиҳо бе пардохти музди меҳнат пешбини карда мешавад.

Маъмурияти Роҳи оҳан бо мувофиқа бо КҶ иттифоқи касаба ҳуқуқи гузаронидани рўзҳои истироҳатиро пеш ё баъди идҳо дорад.

3.4. Ҳангоми ихтисор кардани вазифаи корманде, ки парастори ягонаи оилаи серфарзанд (4 ва зиёда фарзанди ноболиғ), Роҳиоҳанчии фахрӣ бошад, чораҳо барои бо кор таъмин кардани ў пешбинӣ карда мешавад.

Таъмини кор дар корхонаҳои Роҳи оҳан ба чунин кормандон кафолат дода мешавад.

- кормандони доимии собиқадоре, ки ба нафақа баромаданашон 3 сол мондааст (дар сурате, ки бовиҷдонона вазифаҳои хизматиашонро иҷро кунанд);

- сарбозони аз хизмати аскарӣ баргашта, ки то даъвати аскарӣ дар сохторҳои Роҳи оҳан кор мекарданд.

3.5. Дар сурати зарурати истеҳсолӣ кормандоне, ки дар натиҷаи барҳам ва ё ихтисори штати корхонаҳои тобеи роҳ бекор мондаанд, бо ихтисосҳои зарурӣ омўзонида мешаванд.

3.6. Ҳангоми муайян кардани маблағи мукофотпули пеш аз нафақабароӣ (моддаи 55 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон) мўҳлати дар тамоми муассисаҳо ва корхонаҳои Роҳи оҳан коркардаи ў ба ҳисоб гирифта мешавад.

Агар ба корманд ҳангоми ба нафақа баромаданаш мувофиқи шартнома барои меҳнати софдилона дар нақлиёти роҳи оҳан аз рўи собиқаи корӣ дар соҳаи мазкур кўмакпулии якдафаъина гирифтааст ва баъдан ў ба яке аз муассиса ё корхонаҳои Роҳи оҳан, агар аз нав ба кор қабул шавад, ҳангоми бо сабаби ихтисори штати вазифаҳо аз кор озод шуданаш мукофотпулии якдаъфаина аз рўи собиқаи корӣ охирини баъди ба нафақа баромаданаш ҳисоб карда мешавад.

IV. БЕҲБУДИ ШАРОИТ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

4.1. Бо мақсади таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар як корхона бояд нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ татбиқ менамояд.

4.2. Барои таъмини ҳифзи меҳнат дар Роҳи оҳан ба ҳар як корманд бо истифодаи тамоми маблағгузориҳо на камтар аз 150 сомонӣ бо пешбинии индексатсияи минбаъдаи он ҷудо карда мешавад.

Ба кормандони таъмикунандаи ҳаракати қатораҳо ва ба хизматрасонии мусофирон машғуланд, мутобиқи рўихати бо КҶ иттифоқи касаба мувофиқшуда либоси соҳавӣ ба тариқи ройгон дода мешавад.

4.4. Муайян кардани андозаи ҷубронпулӣ барои маъюбии меҳнатӣ, касалиҳои соҳавӣ ва дигар намуди аз даст додани саломатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва инчунин, дар сурати аз даст додани парастор тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» дода мешавад.

4.5. Дар сурати ҳодисаи нохуше, ки бо гуноҳи корхона боиси фавтидани корманд дар истеҳсолот гардидааст, ҷубронпулӣ мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» ба меъросхуронаш дода мешавад. Хароҷоти маросими дафн низ аз ҳисоби корхона пардохта мешавад.

4.6. Бо ҷабрдидаи меҳнатӣ хароҷоти иловагии ў барои харидории доруворӣ, иҷрои протез, парастории ҷабрдида, муолиҷаи санаторию курортӣ бо пардохти рафту омади ў то маҳалли муолиҷа ва дар сурати зарурат инчунин маблағи рафту омади парастори мушоядаткунанда, харидории воситаҳои махсуси нақлиётӣ, коляска, таъмири асосии ин воситаҳо, харидории сўзишворӣ, агар ин намуди кўмакҳоро бепул нагирифта бошад, пардохта мешавад.

4.7. Агар ҳодисаи маъюбияти истеҳсолӣ бо гуноҳи ҳар ду тараф рўй дода бошад, шакли омехтаи масъулият истифода мешавад.

4.8. Системаи ягонаи хизматрасонии тиббӣ ба роҳиоҳанчиён нигоҳ дошта мешавад.

4.9. Муоинаи тибби навбатии ҳамаи шахсони ба кор қабулшаванда ва кормандон мувофиқи дастурамали амалкунанда таъмин карда мешавад.

4.10. Шароити санитарии меҳнат, истироҳат ва хўроки хушсифат таъмин кардани мусофирон назорат карда мешавад.

4.11.Татбиқи нақшаи комплексии ҳифзи табиатро таъмин карда, барои иҷрои чорабиниҳои он маблағ аз рўи асос (факт) чудо карда мешавад.

4.12. Вақти кору истироҳати кормандони роҳ ва махсусан категорияҳои алоҳидаи коргароне ки бевосита ба хизматрасонии мусофирон сарукор доранд, мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

4.13. Хароҷоти сафари хизматии сарнозири ҳифзи меҳнат аз ҳисоби корхонае, ки дар он ҳодисаи нохуш рўй додаст, пардохта мешавад. Хароҷоти азназаргузаронии баҳорию тирамоҳӣ дар қитъаҳои Суғду Қурғонтеппа аз ҳисоби Раёсати роҳ пардохта мешавад.

4.14. Хароҷоти татбиқи Созишномаи мазкур аз ҳисоби корхонаҳо пардохта, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

V. ЧОРАБИНИҲО БАРОИ БЕҲБУДИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОН

5.1. Ҳангоми ба рухсатии меҳнати баромадани коргар кўмакпулии як дафъина дода мешавад, инчунин новобаста аз кўмакпулии як дафъина рухсатии меҳнати боз дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:

- шароити вазнини зиндагӣ доранд;

- ҳангоми гузаронидани ҷарроҳиву харидории дорувории қимматнок;

- ҳангоми оиладоршавии коргар ва гузаронидани туйҳои арусиву домодӣ;

- туйҳои суннатии фарзандон кўмакпулӣ дода мешавад.

5.2. Ҳангоми бори аввал ба нафақа рафтан, қатъи назар аз синну сол, кўмакпулии якдафъина барои меҳнати софдилона дар нақлиёти роҳи оҳан ба андозаҳои зерин пардохта шавад:

     барои мардҳо:        барои занҳо:

        то 10 сол               - то 10 сол             - музди меҳнати ниммоҳа;

         аз 10 то 20 сол     - аз 10 то 15 сол   - музди меҳнати якмоҳа;

         аз 20 то 25 сол     -  аз 15 то 20 сол   - музди меҳнати думоҳа;

         зиёда аз 25 сол   - зиёда аз 20 сол    - музди меҳнати семоҳа;

 

Ба кормандони соҳаи буҷавӣ мукофотпулӣ аз рўи маблағи сарфшудаи фонди музди меҳнат пардохта мешавад.

Ба кормандони бо нишони «Роҳиоҳанчии фахрӣ», «Нақлиётчии фахрӣ» сазоворшуда маблағи кўмакпулӣ 50% зиёдтар пардохта мешавад.

Мукофотпулии якдафъина аз рўи музди меҳнат, ки тибқи тартиби муқарраршуда муайян карда мешавад, пардохта мешавад.

Ба кормандони дастгоҳи КҶ иттифоқи касаба ва раисони озоди иттифоқи касабаи корхонаҳо мукофотпулии якдафъина аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва кумитаҳои ибтидоии корхонаҳо пардохта мешавад.

5.3. Ба кормандони Роҳи оҳан ба сини 50 ва 60 расидаанд ба мукофотпулӣ ба андозаи 100% музди меҳнати вазифавӣ пардохта мешавад.

5.4. Ба ҳар як кормандони роҳ аз ҳисоби даромадҳои раёсати роҳ тўҳфаҳои солинавӣ, ки арзишашон на камтар аз 50 сомонӣ бошад, харидорӣ карда шавад.

5.5.Маъмурияти роҳ ва корхонаҳои он хароҷоти ташкили маросими дафни кормандону нафақахўрони фавтидаи роҳиоҳанчӣ (тобут, кандани қабр, нақлиёт) –ро бо ташкилу иштироки бевосита ва пардохти маблағи он ба зиммаи худ мегиранд.

5.6. Фарзандони роҳиоҳанчиён ба лагерҳои беҳдоштӣ-истироҳатии берун аз шаҳри аз ҳисоби маблағҳои зерин фиристода шаванд:

         - суғуртаи иҷтимоӣ;

         - буҷаи иттифоқи касаба;

         - аъзоҳақии волидайн

Маблағи рафту омади бачаҳо ба маҳалли истироҳат аз ҳисоби Роҳи оҳан пардохта мешавад.

5.7. Барои харидории роҳхатҳои муолиҷаи санаторию курортӣ дар фароғатгоҳи «Роҳиоҳанчиён» ба коргарону хизматчиҳои роҳ ҳамасола, маблағи 85 000 сомонӣ ба суратҳисоби КҶ иттифоқи касаба гузаронида мешавад.

VI. ВАҚТИ КОРӢ, РУХСАТИИ ХИДМАТӢ, ИСТИРОҲАТ

6.1. Масъалаи меҳнату истироҳати кормандони Роҳи оҳан бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, Созишномаи мазкур ва шартномаҳои коллективии корхонаҳо ба танзим дароварда мешавад.

Мувофиқи моддаи 60 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии вақти корӣ дар як ҳафта 40 соат мебошад.

6.2. Давомнокии вақти корӣ, аввалу охири вақти корӣ, тартиботи дохилии меҳнатии корхонаҳои роҳ ва ҷадвали бастҳои корӣ нишон дода мешавад.

Ҷадвали бастҳои корӣ аз тарафи роҳбарони воҳидҳои сохтории роҳ бо мувофиқаи кумитаҳои иттифоқи касаба тасдиқ карда мешавад.

Танаффус барои сарфи ғизо ба ҳамаи категорияҳои кормандон на камтар аз 1 соат ҷудо карда шуда, ба вақти корӣ дохил карда намешавад.

6.3. Барои кормандоне, ки дар корҳои шабонарузии қатънашаванда машғул мебошанд ва бинобар шароити истеҳсолот меъёри муқарраргаштаи вақти кори якрўзаву якҳафтагӣ мушкил аст, маъмурияти корхона бо мувофиқаи кумитаи иттифоқи касаба вақти кори маҷмўиро ба ҳисоб мегирад.

Ҷадвали вақти корию истироҳат на дертар аз   3 рўз пеш аз ҷорӣ шуданаш ба кормандон эълон карда мешавад.

6.4. Аз рўи зарурати истеҳсолӣ барои категорияҳои алоҳидаи кормандон, мутахассисон ва хизматчиҳо вақти корӣ дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба ба қисмҳо, бо назардошти танафусҳо тақсим карда мешавад. Аммо дар баробари ин вақти корӣ аз меъёри муқарраршудаи вақти корӣ зиёд намешавад.

Дар ҳафтаи кори панҷруза ба коргарону хизматчиҳо ҳафтае ду рўзи истироҳатии пайи ҳам дода мешавад.

Ҳангоми кори сменавӣ ба кормандон рухсатӣ (ду рўз пайи ҳам) дар рўзҳои гуногуни ҳафта дода мешавад.

Дар рўзҳои истироҳатӣ кор бо розигии корманд имконпазир мебошад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар моддаи 81 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ба кор ҷалб намудани кормандон дар рўзҳои истироҳатӣ бо фармони маъмурият бо расмият дароварда мешавад.

Бо хоҳиши корманд кори рўзҳои истироҳатӣ бо пешкаш шудани рўзи истироҳати иловагӣ ва ё бо маблағи пулӣ мувофиқи андозҳои дар моддаи 105 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷуброн карда мешавад.

6.5. Кор дар рўзҳои ид фақат дар истеҳсолоти ҷараёни силсилавии қатънашаванда имконпазир аст сари вақт дар аввали моҳ ба ҳисоб гирифта шуда, ба меъёри моҳонаи вақти корӣ дохил карда мешавад.

Корҳои таъхирнопазири таъмири ва боркуниву борфурорӣ мувофиқи ҷадвал ва амрномаи тасдиқшудаи маъмурияти корхона дар рўзҳои ид низ анҷом дода мешавад.

6.6. Ҷалб кардани кормандон ба изофакорӣ фақат бо розигии худи корманд ва кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ва бо назардошти моддаи 72 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

6.7. Ба роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён ҳамасола рухсатии меҳнатии асосӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба Сардори роҳ – 35 рўзи тақвимӣ;

- ба ҷонишини аввал ва ҷонишини Сардори роҳ – 30 рўзи тақвимӣ;

-ба сармуҳандису сардорони хадамоти Раёсати роҳ, сардорону ҷонишинҳои сардор ва сармуҳандиси корхонаву муассисаҳои ҳисоби хоҷагӣ-30 рўзи тақвимӣ;

- ба сардорони шўъбаҳо ва мутахассисони Раёсат, корхонаву муассисаҳои роҳ – 28 рўзи тақвимӣ;

- ба хизматчиёну коргарони Раёсат, корхонаву муассисаҳои роҳ – 25 рўзи тақвимӣ муқаррар карда мешавад.

6.8. Ба кормандоне, ки дар истеҳсолот, сехҳо, ихтисосу вазифаҳое, ки барои шароити зараровару вазнин бо рўзи кори кўтоҳ кор мекунанд, мувофиқи рўйхати истеҳсолот, сехҳо, касбу вазифаҳо бо шароити истеҳсолии зараровар, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, рухсатии меҳнатии иловагӣ дода мешавад:

6.9.Мувофиқи моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки дар шароити махсуси табиию иқлимӣ кор мекунанд, рухсатии меҳнатии иловагӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

6.10. Ба кормандони роҳ, рухсатии пардохтшавандаи иловагии ҳарсола мутобиқи собиқаи кории умумии меҳнатӣ ба муҳлатҳои зайл дода мешавад:

                             аз 5 то 10 сол – 3 рўзи тақвимӣ;

                            аз 10 то 15 сол – 5 рўзи тақвимӣ;

                            аз 15 то 20 сол – 10 рўзи тақвимӣ;

                            зиёда аз 20 сол – 15 рўзи тақвимӣ;

Барои касбҳои коргарӣ аз рўи собиқаи кори рухсатии меҳнатии пардохтшаванда

аз 3 то 5 сол 1 рўзи тақвимӣ;

аз 5 то 10 сол 3 рўзи тақвимӣ;

аз 10 то 15 сол 5 рўзи тақвимӣ;

зиёда аз 15 сол 7 рўзи тақвимӣ;

6.11. Бо мақсади нигоҳ доштани мутахассисони баландихтисос ба кормандони фаъолияти асосии роҳ, ки бевосита ба ҳаракати қатораҳо, боркуниву борфарорӣ, ба хизматрасонии мусофирон, таъмиру истифодабарии воситаҳои техникӣ сарукор доранд, барои собиқаи корӣ ҳар моҳа мувофиқи Низомнома «Дар бораи пардохти мукофотпулӣ» мукофотпулӣ дода мешавад.

6.12. Дар шартномаи коллективии корхонаву муассисаҳое, ки парасторӣ мекунанд, аз рўи натиҷаи фаъолияти солона пардохти мукофотпулӣ ба кормандони нигоҳдории тандурустӣ, маориф, муассисаҳои томактабӣ пешбини карда мешавад.

Аз рўи натиҷаҳои фаъолияти солона, саҳми шахси ва собиқаи муттасили кор дар нақлиёти роҳи охан ба ҳар як корманд ба миқдори зерин мукофотпулӣ дода мешавад:

- ба кормандоне, ки бевосита ба таъмини ҳаракати қатораҳо, боркуниву борфурорӣ, хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмир ва истифодабарии воситаҳои техникии нақлиёт машғуланд:

собиқаи корӣ:   коэффициент:

                   аз 1 то 3 сол 0,8

                   зиёда аз 3 сол 1,0

                   зиёда аз 5 сол 1,5

                   зиёда аз 10 сол 1,8

                   зиёда аз 20 сол 2,0

- ба дигар кормандоне, ки ба фаъолияти асосии корхонаҳои роҳи оҳан машғуланд, аз он ҷумла ба онҳое, ки ба Роҳи оҳан ба тариқи гузариш ба кор омадаанд:

собиқаи корӣ: коэффициент:

         аз 1 то 3 сол 0,6

         зиёда аз 3 сол 0,8

         зиёда аз 5 сол 1,0

         зиёда аз 10 сол 1,3

         зиёда аз 20 сол 1,5

Дар сурати мавҷуд набудани маблағи зарурӣ коэффитсиентҳои мазкур мутаносибан ба миқдори маблағи мавҷуда кам карда мешаванд.

Мувофиқи моддаи 104 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки дар маҳаллу ноҳияҳои бо шароити махсуси табию иқлимӣ ва маиши кор мекунанд, коэффитсиенти ноҳиявӣ ба андозаҳои зерин пардохта мешавад.

Маҳал (ноҳия) Коэффициент

Ҳошадӣ                      1,3

Шаҳритус                   1,3

Н.Хисрав                   1,3

Олимтой                     1,3

Фақат ба кормандони қитъаи роҳ

Бўрёбоф                       1,3

Вахш                             1,3

Данғара                         1,3

Ёвон                               1,3

Ҷалолидини Руми       1,3

        

6.13. Раёсати Роҳи оҳан ва корхонаҳои тобеи он аз ҳисоби маблағҳои худ рухсатии иловагии пардохтшаванда медиҳад:

- 1 рўз барои аз таваллудхона овардани ҳамсар;

- 1 рўз ба яке аз волидайн, агар фарзандашон ба синфи аввал равад;

- 3 рўз бо сабаби фавти аъзои оила (ҳамсар, фарзанд, волидайн ва бародарону хоҳарони худ ва ҳамсар).

6.14.Ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ на дертар аз 25   январ тартиб дода, бо кумитаи иттифоқи касаба мувофиқа карда тартиб дода, бо кумитаи иттифоқи касаба мувофиқа карда мешавад.

VII. МАСЪУЛИЯТҲОИ КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ

7.1.Аъзои коллективи меҳнатӣ вазифадоранд:

- нисбати вазифаҳои кори худ софдилона рафтор намуда моликияти Роҳи оҳанро эҳтиёт кунанд, дар чои ко рва берун аз он бо атрофиён муомилаи хуш намуда, ба рафтори ношоиста роҳнадиҳанд, бо кору рафтори худ номи роҳиоҳанчии Тоҷикистонро баланд бардоранд;

- ба самаранокӣ ва сифати меҳнати худ, истифодаи оқилонаи материалҳо ноил гашта, ба зиёд намудани даромадҳои корхонаи худ ҳиссагузор бошанд:

- қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро риоя кунанд;

- қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро риоя намоянд;

- бехатарии ҳаракати қатораҳо, ҳифзи борҳои кашондашаванда, бехатарӣ аз оташро таъмин намоянд;

- дар корҳои ҷамъиятии корхона фаъолона иштирок кунанд.

7.2. Мувофиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо ва ташкилоти роҳ комиссияҳо барои баррасии даъвоҳои меҳнатии фардӣ таъсис дода шаванд.

VIII.ВАЗИФАҲОИКУМИТАИИТТИФОҚИКАСАБАИ РОҲИОҲАНЧИЁНИ ТОҶИКИСТОН

8.1. КҶ иттифоқи касаба бо Раёсати роҳ, маъмурияти корхона ва хадамоту муассисаҳои роҳ дар татбиқу иҷрои Созишномаи мазкур, барои устувор ва босамар кардани фаъолияти роҳ, ҷорӣ намудани техника ва техналогияи нав, беҳтар намудани бехатарии ҳаракати қатораҳо, ҳифзи борҳои кашондашаванда, таъмини бехатарӣ аз оташ, беҳтар намудани маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар вокзалу қатораҳо ҳамкорӣ менамояд.

КҶ бо Раёсати роҳ дар асоси муносибати самимона ва ҳусни тафоҳум ҳамкориҳои меҳнатиро вусъат медиҳанд.

8.2. Манфиатҳои соҳавии роҳиоҳанчиёнро ҳимоя намуда, риояи қонуни меҳнатро назорат кунад ва дар сурати зарурӣ дар баррасии даъвоҳои меҳнатӣ ба аъзоёни иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён кўмаки бепули ҳуқуқӣ мерасонад.

8.3. Ба воситаи кумитаҳои ибтидоии иттифоқи касаба интизоми истеҳсолию меҳнатии коллективҳои корхонаҳои Роҳи оҳанро мустаҳакам намуда, бо кормандоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бемасъулиятона муносибат мекунанд, муборизаи ҷиддӣ бурда, ба ҳар як аъзои иттифоқи касаба ҳисси бовиҷдонона ба кор, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба моликияти Роҳи оҳан, ҳисси масъулият дар рафтору кирдори шахсии худ дар кор ва берун аз онро тарбия намояд.

8.4. Барои иҷрои супоришҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнату истеҳсолот дар байни коллективҳои меҳнатӣ мусобиқаи меҳнатиро ба роҳ монда, ба зиёд шудани даромаднокӣ, боло рафтани музди меҳнат ва сатҳи зиндагии роҳиоҳанчиён ҳамкорӣ намояд.

8.5. Фаъолияти кумитаҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаро таҳти назорат қарор дода, ба онҳо кўмаки ҳаматарафаи методиву ташкилӣ расонад ва нақши онҳоро дар иҷрои супоришҳои истеҳсолии дар назди коллективҳои меҳнатии роҳи оҳан истода, баланд бардорад.

8.6. Дар татбиқи чорабиниҳои Раёсати роҳу корхонаҳо барои беҳбуди шароити рўзгори меҳнаткашон мусоидат карда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро дар корхонаю муассисаҳои роҳ зери назорати ҷамъиятӣ қарор медиҳад.

8.7. Ба сохтмони объектҳои истиқоматию иҷтимоӣ мувофиқи нақшаву мўҳлатҳои муқарраргашта мусоидат менамоянд.

Дар кори комиссияи давлатии қабули объектҳои истеҳсолӣ, истиқоматӣ ва иҷтимоию маданӣ иштирок менамояд.

8.8. Бо мақсади роҳ надодан ба низоҳои меҳнатӣ ҳангоми иҷрои масъалаҳое, ки ба шартномаи коллективӣ дохил карда шудаанд, чораҳои зарурӣ меандешад.

8.9. Дар тарҳрезӣ ва мувофиқа кардани меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи саноатӣ, барномаҳои ҳифзи меҳнат, рўзгору сиҳатмандии меҳнаткашон иштирок намояд.

8.10. Ба роҳиоҳанчиён ва аъзои оилаи онҳо барои муолиҷаи санаторию курортӣ роҳхатҳо ҷудо мекунад.

IX. КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

9.1. Ҳуқуқҳои созмони иттифоқи касаба дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои онҳо», Дастурамали Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ва Созишномаи мазкур муқаррар карда шудааст.

9.2. Маъмурияти Роҳи оҳан пешниҳодҳои кумитаҳои иттифоқи касабаро дар бораи вайрон кардани талаботи қонуни меҳнат бетаъхир баррасӣ карда, барои бартараф кардани онҳо чораҳо меандешад; қарорҳоеро ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи мазкур ва шартҳои шартномаи коллективиро вайрон мекунанд, бекор мекунад.

Маъмурияти Роҳи оҳан барои фаъолияти мунназами мақомоти иттифоқи касаба ба ихтиёри онҳо кабинетҳои таҷҳизонидашуда, алоқа ва нақлиёти бепул вогузор менамояд.

9.4.Ба кормандони КҶ иттифоқи касаба аз рўи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории моҳонаву натиҷаҳои солона ва собиқаи корӣ мувофиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Сардори роҳ, қарорҳои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети иттифоқи касаба мукофотпулӣ пардохта мешавад.

Ба кормандони озоди иттифоқи касабаи корхонаҳо (раисони кумитаҳо ва муҳосибони калони иттифоқҳои касаба) аз рўи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории ҳармоҳа ва натиҷаҳои солона, ҳамчунин барои собиқаи корӣ мувофиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Сардори роҳ, қарорҳои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо мукофотпулӣ пардохта мешавад.

9.5. Кормандон ва нафақахўрони мақомоти иттифоқи касаба аз кафолатҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои дар Раёсату корхонаҳои роҳ роиҷ буда, бархурдор мебошанд.

9.6. Кумитаҳои иттифоқи касаба оид ба масъалаҳои меҳнат, инкишофи иҷтимоию иқтисодии коллективҳо, вазъияти молиявию иқтисодии онҳо маълумоти бепул мегиранд.

9.7. Ба аъзои интихобшудаи мақомоти иттифоқи касаба, ки аз корҳои истеҳсолӣ озод нестанд, барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ, ба сифати вакил дар кори конференсияҳо, пленумҳо, кумитаҳои иттифоқи касаба ва Президиум иштирок намуданашон вақти холӣ ҷудо карда шуда, бо пардохти маоши миёна барои хондан дар курсҳои кўтоҳмуддати иттифоқи касаба ҷавоб дода мешаванд.

9.8. Ҳамаи корхонаҳои роҳ аз маоши аъзои иттифоқи касаба 1% нигоҳ дошта, ба суратҳисоби КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён 50% ва ба суратҳисоби кумитаҳои ибтидоии корхонаҳо 50% маблағи зикргардидаро мегузаронад.

Раёсат ва корхонаву муассисаҳои Роҳи оҳан вазифадоранд ба андозаи 1,4% аз маблағҳои умумии пардохтҳои ҳатмии аъзоҳаққӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ ба суратҳисоби КҶ иттифоқи касаба барои муолиҷаи санаторию курортӣ ва истироҳати тобистонаи кўдакон мегузаронанд.

9.9. Бо мақсади ҳал кардани масъалаҳое, ки ба фаъолияти роҳҳои оҳани ИДМ дахл доранд, маъмурияти Роҳи оҳан пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии раиси КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистонро ба ҳудуди берун аз ҷумҳурӣ кафолат медиҳанд. Ин масъала бо Сардори роҳ пеш аз сафар ҳал карда мешавад.

9.10. Ба кормандоне, ки ба вазифаҳои озоди кумитаи иттифоқи касаба интихоб шудаанд, баъд аз анҷом ёфтани мўҳлати ваколаташон, вазифаи то давраи то интихоботӣ ишғолнамудаашон ва ё ба он баробар кафалат дода мешавад.

9.11. Раёсат ва корхонаҳои роҳ ҳар моҳ пардохти 0,25% фонди музди меҳнатро ба суратҳисоби иттифоқҳои касабаи корхонаву муассисаҳо барои ташкили чорабиниҳои маданӣ-тарбиявӣ ва варзишӣ кафолат медиҳанд.

X. НАЗОРАТИ ИҶРОИ СОЗИШНОМА ВА ШАРТУ ШАРОИТИ БА НИЗОМ ОВАРДАНИ БАҲСҲО ОИД БА ИҶРОИ ОН

Матни Созишнома дар муддати як моҳи баъд аз ба имзо расиданаш аз ҷониби тарафҳо ба хадамоту муассисаҳои Роҳи оҳан дастрас карда мешавад.

Назорати иҷрои Созишнома аз тарафи намояндагони ваколатдори тарафҳо, инчунин аз ҷониби кумитаҳои иттифоқи касабаю маъмурияти Роҳи оҳан, корхонаю муассисаҳо анҷом дода мешавад. Аз натиҷаи санҷишҳои назоратӣ ба роҳбарияти Роҳи оҳан ва Президиуми Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон маълумоти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

Рафти иҷрои солонаи Созишнома дар ҷаласаи якҷояи Шўрои техникӣ-иқтисодӣ ва Президиуми КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён баррасӣ мешавад.

Дар сурати ба миён омадани баҳсҳои коллективии меҳнатӣ дар Раёсат, корхонаву муассисаҳои роҳ онҳо аз тарафи ҷонибҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тҷикистон ҳал карда мешаванд.

Маъёрҳои Созишномаи мазкур дар Раёсати роҳ ва ҳамаи дигар корхонаҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳатмӣ мебошад. Ҳангоме, ки меъёрҳои шартномаҳои коллективии корхонаҳо ба маъёрҳои Созишномаи мазкур мухолифат кунанд, он гоҳ меъёрҳои Созишномаи мазкур амал мекунад.

XI. МУҲЛАТ ВА ДОИРАИ ЭЪТИБОРИ СОЗИШНОМА

12.1. Созишномаи мазкур дар се нусха баста шуда, ҳар кадомаш қувваи ҳуқуқии якхела дорад ва аз 05 майи соли 2017 то 31 декабри соли 2016 амал менамояд.

Дар муддати эътибори Созишномаи мазкур тарафҳо ҳуқуқ надоранд, ки яктарафа аз иҷрои масъулиятҳояшон даст кашанд ва ё ба он тағйирот ворид намоянд. Созишнома фақат бо розигии тарафҳо аз эътибор соқит карда мешавад. Тафсири муқаррароти Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо дода мешавад.

Тарафҳо вазифадоранд, ки масъалаи тамдиди муддати эътибор ва ё қабули Созишномаи навро ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлати эътибори Созишномаи мазкур баррасӣ намоянд. Тарафи огоҳиномаи хаттӣ гарифта вазифадор аст дар муддати 7 рўз гуфтугузорро шурўъ кунад.

Созишнома кормандони Раёсат, корхонаҳову муассисаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва кормандони штатии иттифоқи касабаро фаро мегирад.

Созишнома дар маҷлиси якҷояи Шўрои техникӣ – иқтисодии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Президиуми КҶ иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон баррасӣ ва маъқул дониста шудааст.

Тарафҳо маълумотро оиди ҳамкории иҷтимоӣ дар нақлиёти роҳи оҳан тавассути ҳафтаномаи «Нақлиёт» ва шабакаҳои интернетии худ мерасонанд.

Главная Сиёсати иҷтимоӣ Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2017-2019