Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

14 July 2021 In НОВОСТИ

Дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ 2 млну 684 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360,1 ҳазор тонна кам мебошад. Сабаби камшавии боркашонӣ дар пандемияи ковид-19 мебошад, ки то ҳоло таъсири худро расонида истодааст. Бояд қайд кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ 3 млну 45 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки ин аз ҳисоби кам шудани ҳаҷми боркашонии байналмилалии нақлиёти автомобилӣ бо сабаби баста шудани сарҳадҳо мебошад.

borkashoni2
Мавриди зикр хос аст, ки ҳарчанд нишондиҳандаҳои боркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфта бошанд ҳам, вале дар муқоиса бо нақшаи дурнамои рушди имсола 100,9%-ро ташкил додааст.

sodirot3

Содироти молҳои хоҷагии халқ 429,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,9 ҳазор тонна кам буда, сабаби он дар камшавии содироти алюмин 26558 тонна, семент 68263 тонна, оҳанпора 11250 тонна, клинкер 4930 тонна ва маҳсулоти саноатӣ 1779 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

voridot4Воридоти молҳои хоҷагии халқ 2 млну 92 ҳазору 800 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 136,4 ҳазор тонна кам мебошад.
Дар доира ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боркашонии транзитӣ дар минтақаи Суғд барқарор шуда, Роҳи оҳани Тоҷикистон барои кашонидани борҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукҳои назаррас пешниҳод намуд. Дар ин давра боркашонии транзитӣ 9 ҳазору 600 тоннаро ташкил дод.

voridot5Роҳи оҳани Тоҷикистон мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон мунтазам сабукиҳо медиҳад. Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 90% сабукӣ, барои семент аз 40% то 50%, барои алюминий 60%, барои сӯзишворӣ 40% ва барои дигар намуди борҳо 30% сабукӣ пешниҳод кардааст. Инчунин барои ворид намудани орду гандуми Ҷумҳурии Қазоқистон 50% ва барои содироти пиёз 90% сабукӣ пешниҳод карда шуд.

sodirot7

sodirotvavoridor6
Мусофирбарӣ 213,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 ҳазор мусофир зиёд мебошад. Хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти Россия аз 17-уми марти соли 2020 то ҳол қатъ аст.

musofirbari8
Баҳри иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон мунтазам сабукиҳо пешниҳод менамояд.
Дар поездҳои мусофирбари Душанбе – Кӯлоб ва Душанбе – Хушодӣ нархи роҳкиро бо 60 % сабукӣ муқаррар карда шудааст.
Ба маблағи 36 млну 353 ҳазор сомонӣ андозҳои гуногун пардохта шуд.
Аз буҷет ва музди меҳнат қарз нест.
Дар хадамоти тиббӣ-санитарӣ оид ба пешгирии бемории сирояти нави КОВИД-19 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, ҳамаи корхонаҳои роҳ дар ҳарсе минтақа бо лавозимотҳо, техника ва доруворӣ таъмин шудаанд.
Дар ин муддат аз тарафи мутахассисони хадамот чораҳои зиддиэпидемикӣ дар тамоми муассисаҳои таркибии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ карда шуда, дар байни роҳбаладон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолати гумонбарии мусофирон бо нишонаҳои короновирус гузаронида, дар вокзалҳои Душанбе, Суғд ва вилояти Хатлон ҳамарӯза лексияҳои марбута хонда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни коргарон ва мусофирон гузаронида мешавад ва толори вокзалҳо бо лавҳаҳои иттилоотии зиддивирусӣ таъмин карда шудааст.
Ҳамзамон, ҳаррӯза корҳои безараргардонии махсус дар ҳамаи муассисаву корхонаҳои роҳ ва қатораҳои мусофирбарӣ гузаронида мешаванд.
Аз 10.04.2021 дар Беморхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди бемории КОВИД-19 ба роҳ монда, 450 корманд аз ваксинатсия гузаронида шудаанд.
Дар баробари ин, дар назди роҳ баъзе проблемаҳои муҳим истодаанд, ки ҳаллашон маблағи калонро талаб мекунад, аз ҷумла:
- навсозии парки вагонҳои мусофирбару боркаш ва локомотивҳо;
- соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Вахш, Ишмасой, Ҳисор ва Қаратоғ;
- азнавсозии хатти роҳи оҳани Ёвон – Вахш;
- пардохти қарзи Эксимбонк барои сохтмони нақбу пулҳои хатти роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон;
- пардохти қарзи кредитии собиқ Дирексияи сохтмони хатти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар назди Бонки миллӣ ба маблағи 77 млн. сомонӣ.