ГУП «Рохи охани Точикистон»

Тартиби хариди билетҳои электронӣ

Сайти мо ва замимаи мобилии «Билет ба қатора» (баъдан замима) хизматрасониро дар самти барасмиятдарорӣ ва пардохти маблағи билетҳои электронӣ барои шахси воқеӣ бо истифода аз корти бонкиаш пешниҳод менамояд

Қоидаи мазкур шартҳои фурӯшу бозбозпасгардонии билетҳои электрониро дар бар мегирад.

Мутаваҷҷеҳ бошед!

Баъди пардохти маблағи билети электронӣ купони назоратии билети электронӣ тартиб дода мешавад.
Купони назоратӣ ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ ҳисобида мешавад, аммо барои ба қатора савор шудан эътибор надорад.

Барои сафар кардан тавассути қатора:
- бақайдгирии электрониро дар сайти http://www.railway.tj гузашта, купони саворро дар шакли электронӣ гиред (барои қатораҳо бо хизматрасонии қайди электронӣ).

Агар шумо бақайдгирии электрониро барои сафар ба қатораи хатсайрҳои байни Тоҷикистон ва давлатхои ИДМ (Россия, Қазоқистон, Белорус Қирғизистон, Ӯзбекистон) Латвия, Литва, Эстония гузашта бошед, саворшавӣ ба вагон баъди ба роҳбалад пешниҳод намудани ҳуҷҷати шахсияти мусофирро тасдиқкунандае, ки вақти харидани билети электронӣ нишон дода шудааст, амалӣ мегардад. Вақти саворшавӣ ба қатора бо худ доштани билети электронӣ дар коғаз (купони саворшавӣ – посадочный купон) тавсия дода мешавад. Диққат: Ҳангоми аз шаҳри Вилнюс сафар кардан бо худ билети электронӣ дар коғази ҳаҷми А4 бояд дошта бошед.

-  ва ё купони саворшавиро-посадочный купонро дар бланки ҳуҷҷати сафарӣ дар хазина ва ё терминали худхизматрасонӣ бигиред. Бо реҷаи кори хазинаҳо дар боби «Хазинаҳо ва терминалҳо» шинос шудан мумкин аст.

Дар доираи чорабиниҳои татбиқи Барномаи комплексии таъмини бехатарии аҳолӣ дар нақлиёт дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан амалҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад ва аз ин рӯ бо мақсади роҳ надодани дермонӣ ба саворшавӣ, хоҳишмандем ба вокзал пешакӣ, на камтар аз 60 дақиқа то сафар баромадани қатора ҳозир шавед.

Билети электронии истифоданашуда бо тарзи зерин баргардонида мешавад:

  • Дар ҳуҷраи шахсии сайти мизоҷ;
  • Дар хазинаҳои билетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозгашти билетҳоро амалӣ мегардонад. Бозпасгардонии дар ҳолати пешниҳоди купони назоратӣ ва ё рақами билети электронӣ/фармоиш ва ҳуҷҷати шахсияти мусофирро тасдиқкунандае, ки дар билети электронӣ нишон дода шудааст, тибқи муҳлати барои баргардонидан муқарраргардида амалӣ мегардад. Билетҳои истифоданашудаи электронии хатсайрҳои байналмилалӣ (давлатҳои хориҷи дур) танҳо дар хазинаҳои билетии байналмилалӣ бозгардонида мешаванд.

Дар вақти ба расмият даровардани билетҳои электронӣ барои рафту омад аз истгоҳҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония купони саворшавӣ дар бланкаҳои шаклҳои дар хазинаҳои билетӣ ва терминалҳои худхизматрасонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» муқарраршударо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан зарур аст. Ҳангоми харидани билет ба қатораҳо бо хизматрасонии қайди электронӣ, купони саворшавии билети электрониро мустақилона чоп бояд кард ва дар вақти саворшавӣ ба қатора пешниҳод кардан лозим аст.

Дар сайт ва замима иҷро карда намешавад:

  • нигоҳдории ҷойҳо бе пардохти маблағи сафар;
  • ба расмият даровардани барои шаҳрвандони гурӯҳи имтиёздор;
  • барасмиятдарории билети электронии бемаблағ барои рафтуомади кӯдакони синну солашон то 5-сола бе ишғоли ҷойи алоҳида бо ҳамроҳи калонсол аз истгоҳҳои дар ҳудуди Украина ҷойгиршуда;
  • аз нав ба расмият даровардани билетҳои электронӣ;
  • ба расмият даровардани билети электронӣ ба қатораҳое, ки аз/ба вилояти Калининград ба ҳудуди дигари Россия тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Литва тариқи транзит мегузарад;
  • ба расмият даровардани билети электронӣ ба хатсайрҳои байналмилалӣ ба давлатҳои хориҷи дур;
  • ба расмият даровардани интиқоли ҳайвоноти хурди хонагӣ (утоқӣ), сагҳо, паррандаҳо (дар истиснои қатораҳое, ки нархи интиқол ба нархи рафту омадашон дохил шуда, дар якҷоягӣ бо билети электронӣ пардохта мешавад);
  • ба расмият даровардани бағоч.

1. Қоидаҳои ба расмият даровардани билети электронӣ дар сайт

Билети электронӣ дар сайт на камтар аз 1 соат пеш аз ҳаракати қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир ба расмият дароварда мешавад.

Билетҳои электронӣ ба самтҳои зерин фурӯхта мешаванд:

  • Ба хатсайрҳои байналмилалӣ бо давлатҳои ИДМ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия, Украина, Ҷумҳурии Молдова), Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Эстония;
  • Ба хатсайрҳои дохилии ҳудуди Федератсияи Россия (танзими ҶСК «РЖД», ҶС «ФПК», ҶСК «ПКС», ҶСП КН «Гранд Сервис Экспресс», ҶДММ «Тверской экспресс», ҶС «ТКС») дар истиснои қатораҳое, ки аз/ба вилояти Калининград тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Литва тариқи транзит ҳаракат мекунанд.

Пеш аз ба расмият даровардани фармоиш барои хариди билети электронӣ Шумо бояд аз аутентификатсияи сайт гузаред ва ё ба қайд гирифта шавед. Барои дар ҳолати зарурат дида баромадани иттилоъ оид ба фармоишатон пароли шахсиро дар хотир нигоҳ доред.

Ҳангоми ба расмият даровардани билетҳои электронӣ дар ҳошияҳои пешниҳодшаванда пай дар ҳам реквизитҳои сафар ва маълумотҳои шахсии ҳар як мусофир ворид карда мешавад. Масъулият барои дурустии реквизитҳои сафар ва маълумотҳои шахсии ҳар як мусофир ба зиммаи истифодабарандае, ки фармоишро ба расмият медарорад, вогузошта мешавад.

Дар ҳолати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ дар системаи «Экспресс» билетҳои электрониро пешакӣ - то 45 рӯз аз сафар харидан мумкин аст (барои қатораҳои ФР то 60 рӯз).

Билетҳои электронӣ аз рӯйи тарифҳои барои интиқоли калонсолону кӯдакон ва инчунин бемаблағ барои кӯдакон бе ишғоли ҷойи алоҳида дар синну соле, ки дар қисми 8 қайд шудааст, ба расмият дароварда мешавад.

Дар як фармоиш на беш аз 4 билети электронӣ бо нишон додани маълумотҳои 4 мусофир ба расмият дароварда мешавад.

Бо мақсади пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо ва дермонӣ, дар вақти ба расмият даровардани фармоиш ба қатораҳо бо гузариш тавсия дода мешавад, ки вақтро байни омадану рафтанашон на кам аз 3 соат интихоб карда шавад.

Барасмиятдарорӣ ва баргардонидани билетҳои электронӣ дар сайт ва замимаи мобилӣ дар вақти танаффуси технологии системаи «Экспресс» гузаронида намешавад.

2. Махсусиятҳои ба расмият даровардани билетҳои электронӣ

Ҷойҳо дар вагонҳои навъи гуногун, аз ҷумла бо нишондоди ҷойҳои мардона ва занона (агар дар вагонҳо истифода шаванд) дар вагонҳои купе ва ё СВ (дар фармоиш танҳо як вариант нишон дода мешавад – мардона, занона ё омехта) бо фармоишҳои гуногун ба расмият дароварда мешаванд. Бо мақсади пешгирии вазъияти низоӣ ҷойро дар купе ба нишонаи ҷинси мусофир мутобиқбуда («мардона» ё «занона») интихоб кардан зарур аст.

Дар вақти ба расмият даровардани фармоиш барои рафту омад дар вагони VIP (навъи «нарм» бо дараҷаи хизматрасонии «1А», «1М» ё «1Н») дар хатсайрҳои дохилӣ, хатсайрҳои байналмилалӣ бо давлатҳои ИДМ ва Балтика, билетҳои электронӣ бо пардохти ҳамаи купе, ки дар он як ё ду мусофир рафта омада метавонанд, дода мешавад. Дар ҳолати дар як купе ба расмият даровардани ду мусофир, маълумоти шахсии ҳар ду нафар нишон дода мешавад.

Дар ҳолати ба расмият даровардани фармоиш ба вагони платскарти қатораҳои танзими КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пардохти нархи рафту омад дар якҷоягӣ бо нархи лавозимоти рахти хоб тавсия дода мешавад, ки барои мусофир қулай аст. Дар ҳолати рад кардани пардохти нархи рахти хоб ҳангоми ба расмият даровардани фармоиш мусофир метавонад маблағро дар сафар ба роҳбалади вагон супорад.

Нархи рафту омад дар қатораҳои самти байналмилалӣ бо давлатҳо – узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Эстонии бо франки швейтсарӣ муқаррар шудааст;

Пардохти рафту омад дар сайт бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомони аз рӯйи қурби расмии Бонки Миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар рӯзи ба расмият даровардани билети электронӣ амалӣ мешавад.

Маълумотро дар бораи соҳиби вагон Шумо метавонед дар вақти ба расмият даровардани фармоиш ва интихоби вагон пайдо намоед.

Ба қатораҳои аз шуъбаи роҳи оҳани Москва ба таври автоматӣ иттилоъ дар бораи мавҷудияти ҷой пеш аз 60 (45) шабонарӯз   то рӯзи рафтан фақат аз рӯйи хатсайри мустақим дода мешавад. Масалан: Москва – Октябрская – Санкт-Петербург, Москва – Адлер ва ғ.  Агар Шумо дастрас намудани билети электрониро зиёда аз 3 рӯз пеш ба қатораҳои транзитӣ (гузаранда) ба нақша гирифтаед, он гоҳ истгоҳи аниқи оғози ба сафар баромаданро нишон додан даркор аст. Масалан Москва пассажирская – Курская – Санкт-Петербург ва ғ.

Хоҳишмандем, реквизитҳои ҳамаи мусофиронро дар фармоиш бодиққат пур намоед.  То анҷом ёфтани амалиёти пардохти фармоиш бори дигар ба дурустии иттилои нишондодашуда боварӣ ҳосил намоед.

Андозаи воридоти рақами шиносномаи тоҷикии намунаи нав (ПТ):

  • ПТ ва 9 рақам. Шумораи фосилагузорӣ аҳмият надорад.

Андозаи воридоти рақами шиносномаи тоҷикии намунаи нав (ПТ):

  • ПТ ва 6 рақам. Шумораи фосилагузорӣ аҳмият надорад.

Андозаи воридоти рақами шаҳодатномаи таваллуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст (СР):

  • Серия: рақамҳои римӣ (аз рӯйхати лотинӣ), ду ҳарфи кириллӣ;

Шумора: шаш рақам. Шумораи тире ва фосилагузорӣ аҳмият надорад.
Дар вақти пур кардани рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, нишонаи «№» нишон дода намешавад.

Маълумотҳои шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ бо муқаррароти шакли ҳуҷҷати «ҳуҷҷати хориҷӣ» (ЗЗ) ворид карда мешавад

Маълумотҳои шахсии мусофир ба маълумотҳои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият мувофиқат бояд кунад. Агар маълумотҳои шахсӣ дар ҳуҷҷат бо ду забон (русӣ ва лотинӣ) навишта шуда бошанд, он гаҳ дар фармоиш барои рафту омад дар хатсайрҳои дохилӣ бо давлатҳо – узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Эстония ба забони русӣ пур карда мешавад.

Дар ҳолати ошкор намудани хатогӣ дар маълумоти шахсии мусофирон ва ё реквизитҳои ҳуҷҷатҳои тасдиққунандаи шахсият, Шумо то вақти пардохти маблағ иттилои ислоҳшударо ворид бояд кунед.

Масъулият барои дурустии реквизитҳои сафар ва маълумотҳои шахсии ҳар як мусофир ба шахсе, ки фармоишро ба расмият медарорад, вогузошта мешавад.

Махсусан таваҷуҳҳи Шуморо ба он ҷалб карданием, ки дар ҳолати хато кардан дар воридкунии рақамҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар маълумоти шахсӣ, мусофир купони саворшавиро (ҳуҷҷати рафту омад) дар хазинаи билетӣ гирифта наметавонад ва рафту омадро тавассути қатора анҷом дода наметавонад.

4. Мавқеи ҷойҳои поёну боло дар вагонҳои шакли стандартӣ

Рақами купе

Рақами купе

Рақами ҷой Поён/боло

Рақами ҷойҳои бар Поён/боло

Л (СВ)

Купе барои 2 нафар бо ҷойҳои барои хоб

1 (дар назди роҳбалад)

2

3

4

5

6

7

8

9

1, 2 / –

3, 4 / -

5, 6 / -

7, 8 / -

9, 10 / -

11 / 12

13 / 14-

15 / 16 /-

17 / 18-

 

К (купе)

барои 4 нафар бо ҷойҳои хоб

1 (дар назди роҳбалад)

2

3

4

5

6

7

8

9

10

1, 3 / 2, 4

5, 7 / 6, 8

9, 11 / 10, 12

13, 15 / 14, 16

17, 19 / 18 ,20

21, 23 / 22, 24

25, 27 / 26, 28

29, 31 / 30, 32

33, 35 / 34, 36

37, 39 / 38 ,40

 

П (платскарт)

Вагони навъи кушода бо ҷойҳо барои хоб

1 (дар назди роҳбалад)

2

3

4

5

6

7

8

9

1, 3 / 2, 4

5, 7 /  6, 8

9, 11 / 10, 12

13, 15 / 14, 16

17, 19 / 18, 20

21, 23 / 22, 24

25, 27 / 26, 28

29, 31 / 30, 32

33, 35 / 34, 36

53 / 54

51 / 52

49 / 50

47 / 48

45 / 46

43 / 44

41 / 42

39 / 40

37 / 38

П (58 ҷой, истеҳсоли ЗВТ Крюков) вагони навъи кушода бо ҷойҳои хоб

1 (дар назди роҳбалад)

2

3

4

5

6

7

8

9

10

1, 3 / 2, 4

5, 7 / 6, 8

9, 11 / 10, 12

13, 15 / 14, 16

17, 19 / 18 ,20

21, 23 / 22, 24

25, 27 / 26, 28

29, 31 / 30, 32

33, 35 / 34, 36

37, 39 / 38 ,40

57 / 58

55 / 56

53 / 54

51 / 52

49 / 50

47 / 48

45 / 46

43 / 44

41 / 42


5. Пардохти билетҳои электронӣ

Пардохт тавассути корти бонкӣ

Пардохти билети электронӣ бо ёрии кортҳои бонкии системаи Visa, Visa Electron, MasterCard, Maestro, системаҳои байналмилалии Visa International, MasterCard International ва кортҳои бонкии системаи миллии пардохти Мир амалӣ мегардад. Пардохт аз рӯйи корти бонкӣ баъди санҷиш ва тасдиқ шудани фармоиш ва аз нав тахсис кардани (переадресовка) маблағ ба убургоҳи пардохти бонк гузаронида мешавад. Барои аз тарафи Шумо қабул намудани хулоса оид ба пардохти фармоиш ва ворид намудани реквизитҳои корти бонкӣ 10 дақиқа муҳлат дода мешавад. Дар ҳолати аз меъёр зиёд гузаштани вақт фармоиши Шумо бекор карда мешавад.

Дар вақти пардохти фармоиш реквизитҳои зерини корти бонкӣ ворид карда мешаванд: ном ва насаби дорандаи корти бонкӣ, рақами он ва муҳлати эътибораш, инчунин коди сеадада (CVV2  ё CVC2).

Барои шарҳи хусусиятҳои пардохти маблағ аз рӯйи корти бонкиатон дар шабакаи Интернет, сабабҳои рад намудани пардохт, аввалан ба хадамоти дастгирии Бонки Шумо муроҷиат бояд кард.

Бехатарии амалиёти пардохт дар истифода аз таҷҳизоти шифркунии трафик (SSL) таъмин карда мешавад.

Махсусиятҳои пардохт аз рӯйи кортҳои Visa Electron ва Maestro

Боварӣ ҳосил намоед, ки дар корти Шумо коди  CVV2  (CVC2), ки дар тарафи чаппаи  корт ҷойгир мешавад, мавҷуд аст.

Ба таваҷҷ.ҳи дорандаи корти эмитентҳои хориҷӣ! Мутобиқи талаботи системаҳои байналмилалии пардохт бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи бехатарӣ ҳангоми пардохт технологияи Secure/Secure Code (технологияи махсуси бехатарии пардохт дар Интернет) истифода бурда мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани сертификати дахлдор барои истифодаи технологияи мазкур дар Бонки Шумо, ба Шумо барои гузаронидани маблағ аз рӯйи системаи пардохт рад карда метавонанд. Дар ҳолати рад намудани пардохти маблағ ба хадамоти дастгирии Бонки худ муроҷиат намоед.

Мутобиқи талаботи технологияи 3D SecureҶ Secure Code дар вақти пардохти фармоиш Бонк-эмитент метавонад аз Дорандаи корт гузаштани идентификатсияи иловагиро талаб намояд. Зарурати гузаштани идентификатсияи иловагӣ ва усулҳои онро танҳо Бонк-эмитент муайян карда метавонад. Барои гирифтани маълумоти пурра доир ба тартиби идентификатсияи Дорандаи корт ба хадамоти дастгирии бонке, ки кортро додааст, муроҷиат кардан даркор аст.

Агар бо ягон сабаб Шумо рақами фармоиш, билети электронӣ ё тасдиқи таҳияи дурусти бомуваффақияти фармоишро нагиред, пас пеш аз таҳия кардани фармоиши такрорӣ ба қисми «Фармоишҳои ман» ворид шуда, боварӣ ҳосил намоед, ко он дар ҳақиқат ба расмият дароварда нашудааст.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои баҳснок дар бораи аз ҳисоб баровардани маблағи пулӣ ҳангоми пардохти билети электронӣ, ба бонке, ки дорандаи корти он Шумо мебошед, муроҷиат кардан лозим аст (телефон дар тарафи чапи корт қайд шудааст).

6. Гирифтани билети электронӣ

Баъди пардохти билети электронӣ купони назоратии билети электронӣ тартиб дода мешавад, ки дар он рақами фармоиш (14 аломат) ва рақами билети электронӣ (14 аломат) нишон дода мешавад. Дар ҳолате, ки фармоиш барои як билет тартиб дода шудааст, рақамҳои фармоишу билетҳои электронӣ мутобиқат мекунанд. Дар ҳолате, ки фармоиш барои 2-4 мусофир тартиб дода шудааст, рақамҳои фармоишу билети электронии мусофири якуми дар фармоиш зикршуда мутобиқат мекунад.

Ҳатман купони назоратии билети электрониро чоп кунед ё рақами фармоиш/билети электрониро дар хотир нигоҳ доред.

Купони назоратӣ ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ ҳисобида мешавад ва барои барои ҳисобиҳои тарзи кортӣ бидуни техникаи назоратӣ-хазинавӣ истифода мешавад.

Купони назоратии билети электронӣ бе купони саворшавӣ эътибор надорад. Барои гирифтани купони саворшавӣ дар сайт аз бақайдгирии электронӣ гузаред ва ё дар хазинаҳои билетӣ ё терминалҳои худхизматрасонӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон купони саворшавиро дар бланки ҳуҷҷати рафту омад гиред.

Истифодабаранаде, ки билети электрониро тартиб медиҳад, аз номи ҳамаи мусофирони фармоиш амал мекунад ва аз ин сабаб ҳамаи мусофирон дар бораи шартҳои саворшавию рафту омад дар қатора огоҳонидашуда ҳисоб мешаванд.

6.1 Бақайдгирии электронии билети электронӣ

Бақайдгирии электронии билети электронӣ – розигии мусофир барои рафту омад бо қатора дар асоси шартномаи интиқол, ки бо билети электронӣ тасдиқ шудааст, ҳисобида мешавад. Ҳангоми бақайдгирии электронӣ дар сайт ҳатман купони саворшавӣ ба купони назоратии билети электронӣ дода мешавад.

Қатораҳое, ки дар он хизматрасонии электронӣ амалӣ мегардад, дар иттилоъ оид ба қатораю вагон бо нишонаи ЭР ишора шудаанд.

Новобаста аз истгоҳи саворшавӣ, ҳамаи мусофирон метавонанд бақайдгирии электрониро дар сайти http://www.railway.tj ба қатораҳои хатсайрҳои байналмилалӣ на дертар аз 1 соат пеш аз рафтани қатора аз истгоҳи оғози хатсайр гузаранд.

Дар вақти саворшавӣ ба қатора дар давоми тамоми хатсайри ҳаракат, мусофир ба роҳбалади вагон билети электрониро (купони саворшавӣ), ки дар коғаз (ҳаҷми А4) ва ё тасвири онро дар экрани дастгоҳи мобилӣ, инчунин ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунандаи дар билети электронӣ зикршуда пешниҳод бояд кунад.

Бақайдгирии электронӣ иҷро мешавад:

  • Дар вақти мавҷуд будани аломати ЭР;
  • Дар вақти гузаронидани маросими фармоиши билети электронӣ, баъди амали «Пардохт» дар як вақт барои ҳамаи мусофирони дар фармоиш номбаршуда;
  • Такроран, дар ҳуҷраи шахсии мусофир дар вақти дилхоҳаш;
  • Чӣ дар як вақт барои ҳамаи мусофирони дар фармоиш номбаршуда ва ҳамзамон ба билетҳои электронии алоҳидаи фармоиш.

Бекоршавии хизматрасонии бақайдгирии электронӣ на дертар аз як соат то баромадани қатора аз истгоҳи оғози хатсайри ҳаракат амалӣ мегардад:

  • Дар ҳуҷраи шахсии сайт;
  • Бо роҳи гирифтани гирифтани купони саворшавӣ (ҳуҷҷати рафту омад) дар хазинаи билетӣ ва ё терминали худхизматрасонии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Дар ҳолати мавҷудияти хизматрасонии бақайдгирии электронӣ дар қатораҳои хатсайрҳои байни давлатҳо - узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва. Ҷумҳурии Эстония:
ба расмият даровардан дар хазинаҳои билетӣ ва терминалҳои худхизматрасонӣ, купонҳои саворшавӣ (ҳуҷҷатҳи рафту омад) на камтар аз як соат то рафтани қатора аз истгоҳи хатсайри ҳаракат гузаронида намешаванд.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Агар Шумо бақайдгирии электрониро гузашта бошед ва хоҳиши баргардонидани билети электрониро на аз 1 соат камтар аз баромадани қатора аз истгоҳи оғози хатсайри ҳаракат ва зиёда аз 6 соат то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавиатон дошта бошед, он гаҳ баргардонидани маблағи пулӣ барои билети электронии истифоданашуда дар тартиби даъвоӣ анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати мавҷуд будани бақайдгирии электронӣ дар қатора иҷро намешавад:

  • Аз нав барқарор кардани муҳлати амали билети электронӣ дар ҳолати дер кардани мусофир ба қатора;
  • Аз нав барқарор кардани муҳлати амали билети электронӣ дар ҳолати аз тарафи мусофир қатъ намудани сафар (даст кашидан аз сафар ва ё манъ кардани он дар ҷараёни хатсайр)

Саворшавӣ ба қатора аз рӯйи билети электронӣ бо бақайдгирии электронӣ тибқи талаботи боби 10 гузаронида мешавад.

Баргардонидани билети электронӣ бо бақайдгирии электронӣ тибқи талаботи боби 11 гузаронида мешавад.

6.2 Баргардонидани купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад

Агар Шумо аз хизматрасонии бақайдгирии электронӣ истифода набурдед ва ё дар қатораи интихобкардаатон он пешниҳод намешавад, ба Шумо гирифтани купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад фақат дар ҳудуди Федератсияи Россия, дар хазинаи билетии бо терминали ситемаи «Экспресс» таҷҳизонидашуда (минбаъд хазинаи билетӣ), ё терминали худхизматрасонӣ зарур аст.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Купони назоратиро ҳатман чоп кунед ва ё рақами билети электрониро (14 адад), ки аз рӯйи он купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад дода мешавад, дар хотир нигоҳ доред.

Агар Шумо купони назоратиро гум карда бошед ва ё рақами билети электрониро фаром.ш карда бошед, ба ҳуҷраи шахсиатон аз рӯйи исми шаби (пароль) худ ворид шуда, маълумотро дар бораи фармоиши зарурӣ ёбед. Дар ҳолати зарурат бори дигар онро чоп кунед.

Купонҳои саворшавӣ (ҳуҷҷатҳои рафту омад) дар асоси купони назоратӣ ва ё рақами билети электронӣ / фармоиш (14 адад) ба яке аз мусофирони фармоиш, аз рӯйи ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунанда ва дар билети электронӣ номбаршуда ва ё ба шахси дар асоси ваколатнома ё нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда ваколатдоршуда, ба расмият дароварда мешавад. Нусхаи аслии ваколатнома ё нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда ба хазинадори билетӣ супорида мешавад.

Дар хазинаи билетӣ ва терминали худхизматрасонӣ купонӣ саворшавиро (ҳуҷҷати рафту омад) барои тамоми фармоиш пурра ва билети электронии мушаххас гирифтан мумкин аст.

 Ба тайғир додани маълумотҳои мусофирон ҳангоми додани купонҳои саворшавӣ ё бо ёрии терминали худхизматрасонӣ роҳ дода намешавад.
Ба расмият даровардани купонҳои саворшавӣ (ҳуҷҷатҳои рафту омад) дар вақти танаффуси технологии САИ «Экспресс» аз соати 03.30 то 04.00 вақти Москва (то 30-юми сентябр рӯзҳои сешанбе аз 03.30 то 04.07) гузаронида намешавад.

7 Ба расмият даровардани интиқоли кӯдакон

Мутаваҷҷеҳ бошед! Ҳангоми саворшавии кӯдакони то 14 сола ба қатора пешниҳоди нусхаи аслии шаҳодатномаи таваллуд ва ё нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи он ҳатмӣ аст.

Ба рафту омади кӯдакони синну солашон то 10 сола бе ҳамроҳии калонсолон роҳ дода намешавад. Синну соли кӯдак дар рӯзи оғози сафар муайян карда мешавад.

Тартиби рафту омади кӯдакон аз давлатҳо - узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва. Ҷумҳурии Эстония:

  • Мусофири рафту омадро амалкунанда, ки аз рӯйи тарифи интиқоли калонсол маблағ супоридааст, ҳуқуқ дорад бо худ як кӯдаки синну солаш аз 5 сола зиёд набошад ва ҷойи алоҳидаро ишғол накунад, бе пардохт бо худ гирад.  Дар ин ҳолат барои кӯдак билети электронии бепул ва бе ишғоли ҷойи алоҳида дар як фармоиш бо билети электронии аз рӯйи тарифи барои мусофирони калонсол тартибдодашуда ба расмият дароварда мешавад.
  • Агар мусофир билети электрониро ба кӯдаки то 5-сола бе ишғоли ҷои алоҳида ба расмият надароварда бошад, метавонад ҳуҷҷати рафту омади бепулро дар хазинаи билетӣ дар ҳолати мавҷуд будани билети электронии аз рӯйи тарифи калонсолон пардохташуда бигирад.
  • Аз рӯйи хоҳиши мусофир ба кӯдаки то 5 сола билети электрониро бо ишғоли ҷой аз рӯйи тарифи интиқол барои рафту омади кӯдакон дар як фармоиш бо билети электронии аз рӯйи тарифи интиқоли мусофирони калонсол пардохташуда, ба расмият даровардан мумкин аст.
  • Дар ҳолати ҳаракати як ё зиёда кӯдакони аз 5 то 10 сола, барои ҳар як кӯдак аз рӯйи тарифи барои рафту омади кӯдакон муқарраршуда билети электронӣ ба расмият даровардан зарур аст.
  • Ба кӯдаки аз 5 то 10 сола билети электронӣ бо ишғоли ҷойи алоҳида ва бо пардохт аз рӯйи тарифи рафту омади кӯдакон дар як фармоиш бо билети электронӣ аз рӯйи тарифи рафту омади мусофири калонсол ба расмият даровардан зарур аст.
  • Барои кӯдаконе, ки синнашон 10 соли пурра аст, билети электронӣ барои рафту омади мусофири калонсол ба расмият дароварда мешавад.

8. Тартиби шиносномавӣ- маъмурӣ (раводидӣ) ва гумрукӣ

Мусофир вазифадор аст, ки тартиботи шиносномавӣ – маъмурӣ (аз ҷумла раводидӣ), гумрукӣ ва ғайраро, ки барои рафту омад тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар хатсайрҳои байналмилалӣ муқаррар шудаанд, ҳам нисбати худ, ҳам вобаста ба бори дастиву бағоч ва бағочи маҳсулотӣ риоя намояд. Интиқолдиҳанда барои назорати риояи қоидаҳои номбурда вазифадор набуда, масъулиятро барои иҷро накардани онҳо надорад. Дар истисно танҳо тартиботи дар асоси созишномаҳои байналмилалии дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан муқарраршуда мебошад.

Пеш аз ба расмият даровардани рафту омад, аввал тартиби гузариши сарҳадҳои давлатии (аз ҷумла давлатҳои транзитӣ) дар мақомоти салоҳиятдори иҷрокунанда ва ё шуъбаҳои консулгарии сафоратхонаҳои дахлдор муайян намоед.

Дар вақти рафту омади кӯдакони то 18 сола дар хатсайрҳои байналмилалӣ ё дохилироссиягӣ тариқи транзит аз ҳудуди ИДМ («Транзит тавассути ИДМ») мусофир ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури сарҳади давлатӣ, аз ҷумла розигии ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи волидон (васиён, парасторон) барои убури сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

Рафту омад бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Эстония ва давлатҳои хориҷи дур аз рӯйи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсият амалӣ мегардад:

  • ПТ (ШТ) - шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шиносномаҳои дипломативу хизматӣ;
  • ЗЗ - ҳуҷҷати хориҷӣ, ки ба шаҳрвандони ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва. Ҷумҳурии Эстония ва дигар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд.


10. Саворшавии мусофир ба қатора.

Тибқи шартномаи интиқол Интиқолдиҳанда вазифадор аст, ки мусофирро то нуқтаи таъиноташ бо пешниҳоди ҷой дар қатора бурда расонад.

Мусофир ҳангоми саворшавӣ ба қатораи самти дур купони саворшавии билети электронии дуруст ба расмият даровардашуда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар асоси он билети электронӣ (нисбати кӯдакони то 14 сола ба қатораи хатсайрҳои дохилироссиягӣ нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд роҳ дода мешавад), бо зикри ному насаби мусофир ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намояд.

Мусофири бо билети электрониву бақайдгирии электронӣ рафту омадро амаликунанда ва дар вақти тафтиши ҳуҷҷатҳои шахсиятро тасдиқкунанда, ҳуҷчатеро, ки реквизитҳояш бо иттилои дар бораи билети электронӣ, ки роҳбалади вагон дорад, мутобиқат накунад, он гаҳ мусофир бебилет ҳисобида мешавад.

Дар ҳолати ихтилофи маълумотҳои ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунандаи мусофир бо иттилои доир ба билетҳои электронии роҳбалади вагон дошта (на зиёда аз як ҳарф дар насаб ва на зиёда аз як адад дар рақам), мусофир ба қатораи хатсайри дур ва ё наздишаҳрӣ бо зикри ҷой роҳ дода мешавад.

Саворшавӣ ба қатора дар ҳолати бақайдгирии электронӣ:

  • Ба қатораҳои хатсайрҳои дохилӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳаракат мекунад, саворшавӣ ба қатора бо пешниҳоди билети электронӣ (купони саворшавӣ), ки дар коғаз (ҳаҷми А4) ва ё тасвири он дар экрани дастгоҳи мобилӣ, инчунин ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунандаи дар билети электронӣ зикршуда (нисбати кӯдакони то 14 сола нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд роҳ дода мешавад) ба роҳбалади вагон, амалӣ мегардад.
  • Ба қатораҳое, ки дар хатсайрҳои байни Россия ва Латвия, Россия ва Белоруссия, Россия ва Қазоқистон, Россия ва Литва, Россия ва Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон, Россия ва Эстония аз рӯйи ҳуҷҷатҳои шахсиятро тасдиқкунанда, дар асоси он билети электронӣ ба расмият дароварда шудааст, амалӣ мегардад Дар вақти саворшавӣ бо худ доштани иттилоъ дар бораи сафар тавсия дода мешавад. Таваҷҷӯҳ: Ҳангоми аз шаҳри Вилнюс сафар кардан бо худ билети электронӣ дар коғази ҳаҷми А4 бояд дошта бошед.

Таваҷҷӯҳ! Агар Шумо хизматрасонии бақайдгирии электрониро бекор карда, купони саворшавиро (ҳуҷҷати рафту омад) дар хазинаи билетӣ ё терминали худхизматрасонӣ гирифтаед, Шумо онро ҳангоми саворшавӣ ба қатора пешниҳод намоед.

Саворшавӣ ба қатора дар ҳолати мавҷудияти купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад:

  • Ба қатораҳои хатсайрҳои дохилие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳаракат мекунанд, аз рӯйи купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад ва ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунанда, ки дар асоси он билети электронӣ ба расмият дароварда шудааст, амалӣ мегардад (нисбати кӯдакони то 14 сола пешниҳоди нусхаи тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд роҳ дода мешавад).
  • Ба қатораҳое, ки дар хатсайрҳои ба ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда, аз рӯйи пешниҳоди купони саворшавӣ дар бланки ҳуҷҷати рафту омад ва ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунандае, ки дар асоси он билети электронӣ ба расмият дароварда шудааст.

Дар ҳолати мувофиқат накардани насаби мусофир ё рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар навбати худ ба насабу рақами дар билети электронӣ зикршуда мусофир барои саворшавӣ ба қатора роҳ дода намешавад.

Билети электронӣ ба шахсони дигар супорида намешавад ва танҳо пешниҳоди дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷати дахлдори шахсиятро тасдиқкунанда эътибор дорад. Ба хариду фурӯши билети электронӣ роҳ дода намешавад.

11. Баргардонидани билети электронии истифоданашуда ва маблағҳои пулӣ

Гузаронидани маблағи пулӣ барои билети электронии истифоданашуда ба ҳисоби пулсупоранда, ки аз ҳисоби пардохти маблағ барои харидани билети электронӣ гузаронида шудааст, дар муҳлатҳои мутобиқи системаҳои пардохтӣ муқарраргардида (аз 7 то 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба расмият даровардани бозпаси билет дар ҳуҷраи шахсӣ) амалӣ мегардад.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Барои банизомдарории даъвоҳо оид ба нагирифтани маблағи пулӣ барои баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба ҳисоби пулсупоранда – бо даъвои хаттӣ ба бонке, ки дорандаи корти он мебошед, муроҷиат кардан даркор аст;

11.1 Баргардонидани билетҳои электронии истифоданашуда дар ҳуҷраи шахсии сайт

Баргардонидани билети электронӣ дар сайти КВД «РОТ» www.railway.tj

Билети электрониро баргардонида бо ҳамаи шартҳои дар поён зикршуда розӣ мешавед.

Шумо, ҳамчун истифодабарандаи сайт ҳуқуқи худро, қобилияти фаъолият, дороии молиявӣ, инчунин масъулиятро барои уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи офертаи (пешниҳод оиди созишнома) мазкур вогузор шудааст, тасдиқ мекунед.

Истифодабарандае, ки билети электронии истифоданашударо дар сайт бармегардонад, аз номи ҳамаи мусофирони фармоиш амал мекунад, бинобар ин ҳамаи мусофирони дар фармоиш зикршуда дар бораи даст кашидан аз сафар огаҳонида ҳисобида мешаванд.

Ҳам пурра баргардонидани фармоиш ва ҳам билети электронии мушаххас аз фармоиш имконпазир аст.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Баъди гирифтани купони саворшавӣ дар бланки рафту омад дар хазинаи билетӣ ё терминалҳои худхизматрасонӣ баргардонидани билети электронӣ мумкин нест.

Баргардонидани фармоиш пурра аз рӯйи билетҳои электронӣ амалӣ мешаванд, дар истиснои билетҳои электроние, ки аз рӯйи он купони саворшавӣ дар бланки рафту омад дар хазинаи билетӣ ё терминали худхизматрасонӣ дода шудааст.

Агар Шумо аз хизматрасонии бақайдгирии электронӣ истифода набурда бошед, баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба қатораҳои:

  • хатсайрҳои дохилии узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда дар вақти дилхоҳ то рафтани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир (вақт дар купони назоратии билети электронӣ зикр шудааст) амалӣ мегардад.

Агар Шумо аз хизматрасонии бақайдгирии электронӣ истифода бурдед, баргардонидани билетҳои электронии истифоданашуда ба қатораҳои:

  • хатсайрҳои узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония на камтар аз як соат то баромадани қатора аз истгоҳи оғози хатсайри ҳаракат амалӣ мешавад.

Баргардонидани билети қатораи хатсайри байналмилалӣ бо давлатҳо – узви ИДМ, Латвия, Литва, Эстония.

Дар вақти баргардонидани билети электронии истифоданашудаи ба қатораи хатсайри байналмилалӣ бо давлатҳо - узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда барои ба ҳисоби пулсупоранда гузаронидани маблағи мансуб:

  • на дертар аз 24 соат то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир – нархи рафту омад, ки аз нархи билет ва платскарт иборат аст;
  • Камтар аз 24 соат, аммо на дертар аз 6 соат то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир – нархи билет ва 50%-и нархи платскарт;
  • Камтар аз 6 соат ва то вақти баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир - танҳо нархи билет, нархи платскарт баргардонида намешавад.

Нархи хизматрасонӣ (аз ҷумла рахти хоб) пурра баргардонида мешавад.

Дар вақти баргардонидани билети электронии барои қатораҳои хатсайри дохили Федератсияи Россия ва хатсайрҳои байналмилалӣ бо давлатҳо - узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда ҷамъоварии муқарраргардида барои бозпас ситонида шуда, нархи хизматрасониҳо (аз ҷумла рахти хоб) пурра баргардонида мешавад;

Дар вақти баргардонидани билети электронии бепул, ки барои рафтуомади кӯдакони то 5 сола бе ишғоли ҷойи алоҳида ба расмият дароварда шудааст, ҷамъоварӣ барои бозпас ситонида намешавад.

Гузаронидани маблағи пулӣ барои билети электронии истифоданашуда ба ҳисоби пулсупоранда, ки аз ҳисоби пардохти маблағ барои харидани билети электронӣ гузаронида  шудааст, дар муҳлатҳои мутобиқи системаҳои пардохтӣ муқарраргардида (аз 7 то 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба расмият даровардани бозпаси билет дар ҳуҷраи шахсӣ) амалӣ мегардад.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Барои банизомдарории даъвоҳо оид ба нагирифтани маблағи пулӣ барои баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба ҳисобии пулсупоранда, бо даъвои хаттӣ ба бонке, ки дорандаи корти он мебошед муроҷиат намоед.

11.2 Баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба хазинаи билетӣ

Баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба хазинаи билетӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозпаси билетҳоро баъди пешниҳоди купони назоратӣ ё рақами билети электронӣ/фармоиш ва ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунанда, ки рақами он дар билети электронӣ зикр шудааст, тибқи муҳлатҳои барои бозпас муқарраргардида амалӣ мешаванд. Баргардонидани маблағи пулӣ барои билетҳои истифоданашуда танҳо дар хазинаҳои билетии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ҳам дар шакли пурра баргардонидани фармоиш ва ҳам билети электронии мушаххас аз фармоиш имконпазир аст.
Баргардонидани фармоиш дар шакли пурра аз рӯйи ҳама билетҳои электронии фармоиш, дар истисно билети электроние, ки дар асоси он купони саворшавӣ (ҳуҷҷати рафту омад) дар хазинаи билетӣ ё терминали худхизматрасонӣ дода шудааст, амалӣ мешавад.

Дар ҳолате, ки мусофир купони саворшавиро дар бланки ҳуҷҷати рафту омад гирифтааст, бозпас бо роҳи пешниҳоди бланки мазкур ба хазинаи билетӣ ва ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунанда амалӣ мешавад.

Дар вақти баргардонидани билети электронии барои қатораҳои хатсайри дохили Федератсияи Россия ва хатсайрҳои байналмилалӣ бо давлатҳо - узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда ҷамъоварии муқарраргардида барои бозпас ситонида шуда, нархи хизматрасониҳо (аз он ҷумла рахти хоб) пурра баргардонида мешавад;

Мутаваҷҷеҳ бошед! Дар ҳолати баргардонидани билети электронии истифоданашуда бо бақайдгирии электронӣ ба хазинаи билетӣ ба қатораҳои хатсайрҳои дохилироссиягӣ камтар аз 1 соат то баромадани қатора аз истгоҳи оғози хатсайри ҳаракат, бозпаси маблағи пулӣ тибқи аризаи мусофир мувофиқи тартиби аз тарафи интиқолдиҳанда муқарраргардида амалӣ мешавад.

Дар вақти баргардонидани билетҳои электронии истифоданашуда дар муддати аз 20 дақиқа то 3 соат баъди рафтани қатора аз истгоҳи баромадани мусофир, бо шарти шахсан ҳозир шуданаш ба хазинаи билетӣ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунандаи дар билети электронӣ зикр- шуда, ҳисобиҳои пулӣ дар навбати худ ба ҳисобии пулсупорандае, ки аз он пардохт гузаронида шудааст амалӣ мешавад.

Дар вақти баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба хазинаи билетӣ барои рафтуомад дар хатсайрҳои байналмилалӣ ё қатораҳо (вагонҳои) танзими роҳҳои оҳани давлатҳои узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония ҳаракаткунанда барои ба ҳисоби пулсупоранда гузаронидани маблағ, ки аз ҳисоби он пардохт амалӣ шудааст:

  • на дертар аз 24 соат то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир – нархи рафту омад, ки аз нархи билет ва платскарт иборат аст;
  • Камтар аз 24 соат, аммо на дертар аз 6 соат то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир – нархи билет ва 50%-и нархи платскарт;
  • Камтар аз 6 соат ва то вақти баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир, аммо на дертар аз 1 соат баъди баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир, ё ин ки бо сабаби беморӣ, ҳодисаи нохуш дар давоми 10 шабонарӯз баъди тамом шудани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда – нархи билет, нархи платскарт баргардонида намешавад.

Мутаваҷҷеҳ бошед! Дар вақти баргардонидани билети электронӣ бо бақайдгирии электронӣ дар муҳлати камтар аз 1 соат то баромадани қатора аз истгоҳи оғози хатсайри ҳаракат ва аз 6 соат зиёдтар то баромадани қатора аз истгоҳи саворшавии мусофир (мутобиқи вақти маҳаллӣ), баргардонидани маблағи пулӣ барои билети электронии истифоданашуда тибқи тартиботи даъвоӣ амалӣ мешавад.

Баргардонидани билетҳои электронии истифоданашуда дар хазинаҳои билетӣ дар ҳудуди давлатҳо – узви ИДМ, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Эстония баъди пешниҳод намудани купони саворшавии дар бланки ҳуҷҷати рафту омад ба расмият дароварда шуда, амалӣ мегардад. Ҳамзамон баргардонидани ҷойҳо бе бозпаси маблағи пулӣ иҷро мешавад. Барои гузаронидани маблағи пули мансуб ба ҳисобии пулсупоранда е ҳамёни электронӣ, ки аз он пардохт амалӣ шудааст, дар давоми 6 моҳ аз санаи баромадани қатора, ба хазинаи билетӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, купони саворшавии истифоданашуда дар бланки ҳуҷҷати рафту омад ва ҳуҷҷати шахсиятро тасдиқкунанда пешниҳод кардан зарур аст.

Маблағи пулӣ барои билетҳои электронии истифоданашуда танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Аз нав ба расмият даровардани билетҳои электронӣ дар хазинаҳои билетӣ бо роҳи ба расмият даровардани ҳуҷҷати нави рафту омад ва пурра баргардонидан ҳуҷҷати куҳна ба ҷо оварда мешавад. Гузаронидани маблағи пулӣ мансуб барои баргардонидани билети электронии истифоданашуда ба ҳисоби пулсупоранда ё ҳамёни электроние, ки пардохтро амалӣ намудааст, дар муҳлатҳои   мутобиқи системаҳои пардохтӣ муқарраргардида (аз 7 то 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба расмият даровардани бозпаси билет дар хазинаи билетӣ) амалӣ мегардад.

12. Хизматрасонии мобилии фармоиши билети электронӣ

  1. Фармоиши билетҳои электронӣ ба қатора дар истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) хизматрасонии нав дар сайт мебошад. Барои харидани билети электронӣ тавассути телефонии мобилӣ ба ситема дар истифода аз логин ва исми шаб (пароль) ворид шудан даркор аст. Пеш аз оғози кор бо «Тартиби хариди билетҳои электронӣ» шинос шавед.
  2. Тартиби харидани билетҳои электронӣ тавассути телефонҳои мобилӣ ба қоидаҳои хариди билетҳои электронӣ дар истифода аз   шабакаи Интернет бо ёрии компютерҳои шахсӣ (ноутбук, планшет) айнан монанд аст.
  3. Хизматрасонии мобилиро дар сайт браузерҳои асосии телефонҳои мобилӣ (Opera Mini тафсири 2-5, Opera Mobile 9. 80, Nokia, Safari) дастгирӣ менамоянд. Агар браузери телефонӣ дастгирӣ нашавад, пас дар саҳифаи муаллифият (авторизатсия) огоҳӣ инъикос мешавад. Ҳаҷми камтарини экрани телефонии мобилӣ - 240*320 бо диагонали 2,4 дюйм имконияти гузаштани бақайдгирии электрониро медиҳад.

Саволҳое, ки бо хизматрасонии мусофирон ва пешниҳоди навъи хизматрасонӣ вобаста аст.

  • Доир ба қатораҳои ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тааллуқдошта - дар суроғаи электронии: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё ба сайти www.railway.tj муроҷиат намоед.
  • Доир ба қатораҳои танзими ҶС «ФПК», ҶСК «РЖД» - ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. муроҷиат намоед;

Саволҳоро доир ба харидани билети электронӣ тавассути шабакаи Интернет дар сайти www.railway.tj ба суроғаи электронии  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. диҳед.

Главная Мусофирбарӣ Тартиби хариди билетҳои электронӣ