Дар соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 6 млну 451 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 346,8 ҳазор тонна ё 5,7% зиёд мебошад.
Таносуби боркашонӣ вобаста ба минтақаҳо чунин аст:
- боркашонӣ дар минтақаи Душанбе 2 млну 658 ҳазор тоннаро ё 41,2% рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 563 ҳазор тонна зиёд;
-боркашонӣ дар минтақаи Суғд 3 млну 273 ҳазор тоннаро ё 50,7% рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 59,5 ҳазор тонна кам;
-боркашонӣ дар минтақаи Хатлон 520,1 ҳазор тонна ё 8,1% рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 156,7 ҳазор тонна кам мебошад.
Содироти молҳои хоҷагии халқ 601,3 ҳазор тоннаро ташкил дод,ки нисбат ба соли гузашта 430,7 ҳазор тонна кам буда,сабаби он асосан дар камшавии содироти пахта 24955 тонна, маҳсулоти зудвайроншаванда 14903 тонна, меваҳои хушк 15362 тонна, алюмин 6603 тонна, маъдани ранга 184548 тонна, оҳанпора 9708 тонна, ва семент 247307 тонна нисбат ба соли гузашта мебошад.
Аммо нисбат ба соли гузашта содироти маводҳои сохтмонӣ 19114 тонна ва ангиштсанг 42339 тонна зиёд шуд.
Воридоти молҳои хоҷагии халқ 5 млну 414 ҳазор тоннаро ташкил дод,ки нисбат ба соли гузашта 946,1 ҳазор тонна зиёд буда, сабаби он асосан дар зиёдшавии воридоти бензин 98238 тонна, сӯзишвории реактивӣ 9058 тонна, мазут 28521 тонна, равғанҳои молиданӣ 2974 тонна, гази моеъ 52588 тонна, сӯзишвории дизелӣ 91844 тонна, битум 16152 тонна, орд 4256 тонна, ғалла 109644 тонна ва дигар борҳои гуногун 127071 тонна нисбат ба соли гузашта мебошад.
Роҳи оҳани Тоҷикистон мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазам сабукиҳо медиҳад.
Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукӣ пешниҳод кардааст. Дар баробари ин, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва воридоти маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои интиқоли ҳамаи борҳо коэффитсиентҳои баландкунанда бекор карда шуд ва барои интиқоли ҳамаи намуди борҳо ба/аз истгоҳи Амузанг ва ба/аз истгоҳи Қудуқли бо ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 35% то 60% сабукӣ пешниҳод карда шуд.
Баҳри иҷроиши супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба солимгардонии вазъи молиявӣ - техникии Ширкати «Алюминии Тоҷик» барои кашонидани алюминий 60% ва барои гилхок 10% сабукӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо нимвагону вагони сементбар 50% ва бо вагони болопӯш 40%, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то истгоҳи Амузанг 80%, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Қудуқлӣ бо нимвагон 30% ва вагони сементбар 50% барои кашонидани клинкер аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Ҷ.Балхӣ бо нимвагон 45% сабукиҳо пешниҳод карда шуд.
Ҷиҳати ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои борҳои аз/ба минтақаи Хатлон бо воситаи гузаргоҳи Амузанг интиқолшаванда, чунин сабукиҳо пешниҳод кард:
- ба маҳсулоти сӯзишворӣ 40%
- дигар намуди борҳо 30%
Инчунин барои ворид намудани орду гандуми Ҷумҳурии Қазоқистон 30% ва барои содир намудани пиёз 80% сабукӣ пешниҳод карда шуд.
Дар минтақаи Суғд бошад, барои содир намудани бор аз ҳамаи истгоҳҳо ба самти истгоҳи Истиқлол 20%, аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30% ва аз истгоҳҳои Спитамен, Ҷ.Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40% ва барои кашонидани қуми кварсӣ аз истгоҳи Ҷ.Расулов ба самти истгоҳи Истиқлол 50% сабукиҳо пешниҳод гардидааст. Инчунин барои содир намудани меваи хушк аз ҳамаи истгоҳҳои роҳи оҳан 20% сабукӣ пешниҳод шудааст.
Барои кашонидани ангиштсанг аз минтақаи Душанбегӣ 35% ва Суғдӣ 50% сабукӣ пешниҳод карда шуд.
Мусофирбарӣ 456,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 ҳазор мусофир ё 0,1% зиёд мебошад.
Дар поезди мусофирбарии Душанбе – Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60% сабукӣ муқаррар карда шудааст.
Дар мувофиқа бо роҳҳои оҳани Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, ба ҳисоби миёна чунин сабукӣ пешниҳод шудааст:
- аз 31 то 45 рӯз пешакӣ харидшуда 45%;
- аз 2 то 30 рӯз пешакӣ харидшуда 30%;
Ба маблағи 71 млну 918 ҳазорсомонӣ андозҳои гуногун пардохта шуд.
Аз буҷет ва музди меҳнат қарз нест.