Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

27 July 2023  

Нишондиҳандаҳои асосии Роҳи оҳани Тоҷикистон

дар нимсолаи якуми соли 2023

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 3 млну 206 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457,6 ҳазор тонна ё 16,6 % зиёд мебошад.

Содироти молҳои хоҷагии халқ 378,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи солигузашта 170,2 ҳазортонна кам буда, сабаби он асосан дар камшавии содироти пахта 14828 тонна, маҳсулоти зудвайроншаванда 19693 тонна, меваҳои хушк 8300 тонна, алюмин 6118 тонна, маъдани ранга 57100 тонна, оҳанпора 2008 тонна ва семент 79438 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Воридоти молҳои хоҷагии халқ 2 млну 553 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 626 ҳазор тонна зиёд буда, сабаби он дар зиёдшавии воридоти бензин 65373 тонна, сӯзишвории реактивӣ 19290 тонна, мазут 28521 тонна, равғанҳои молиданӣ 2594 тонна, гази моеъ 64165 тонна, сӯзишвории дизелӣ 67142 тонна, орд 25884 тонна, ғалла 114978 тонна, кокс 12013 тонна, шакар 7490 тонна, чӯбу тахта 31872 тонна, нуриҳои минералӣ 33958 тонна ва борҳои гуногун 37232 тонна мебошад.

Аммо воридоти гилхок (глинозём) 4170 тонна, эму хошоки омехта 1211 тонна, маводҳои ба оташ тобовар (огнеупоры) 4718 тонна ва мошину таҷҳизотҳо 740 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон мунтазам сабукиҳо медиҳад. Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукӣ, барои семент аз 30% то 50%, барои алюминий 60%, барои гилхок 10%, барои сӯзишворӣ 40%, барои кашонидани пиёз аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то истгоҳи Амузанг 80% ва барои дигар намуди борҳо вобаста аз истгоҳи борфиристӣ 30% сабукӣ пешниҳод кардааст.

Мусофирбарӣ 215,2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар сатҳи соли гузашта мебошад.

Ба маблағи 31 млну 979 ҳазорсомонӣ андозҳои гуногунпардох ташуданд.

Аз буҷет ва музди меҳнат қарз нест.

То охири соли 2023 дар назди Роҳи оҳани Тоҷикистон чунин вазифаву ӯҳдадориҳо ќарор доранд:

- таъмини боркашонии барномаи содиротиву воридотии ҷумҳурӣ тавассути роҳи оҳан;

- таъмини мусофирбарӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон;

- идома додани корҳои ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути Роҳи оҳани Тоҷикистон»;

    - харидорӣ намудани вагонҳои нави мусофирбар бо ҷалби сармояи хориҷӣ.