Сомона дар ҳолати санҷиш кор мекунад!

ГУП «Рохи охани Точикистон»

17 August 2023  

Имрӯз аз таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 29 сол сипарӣ гардид. 17 августи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи  оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд.     Тавре дар суҳбат  бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ изҳор дошт, «Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъсис ёфтааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ  корхона ба  дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир мегузорад».

 

70 фоизи боркашонӣ- тавассути роҳи  оҳан

 

Бино ба гуфтаи ӯ, истифодаи нақлиёти роҳи оҳан дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда дошта, беш аз 70 дарсади боркашонӣ дар самти байналмилалӣ -содирот ва воридот тавассути роҳи оҳан  амалӣ мешавад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2023  аз ҷониби корхона дар ҳаҷми беш аз 3,2 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457,6 ҳазор тонна ё 16,6 % зиёд мебошад.

Роҳи оҳани Тоҷикистон- зодаи даврони истиқлол

 

Мавсуф афзуд, ки давраи навини рушди Роҳи оҳани Тоҷикистон аз соли 1991- санаи мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани Тоҷикистон шуруъ мегардад. 17 августи соли 1994 бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки оғози солшумории он ба шумор меравад. Бо ибтикор ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ роҳи оҳан, ки яке аз бахшҳои асосии нақлиёт маҳсуб мешавад, ба  таҳаввулоти чашмрас ноил гардид. Роҳи оҳани Тоҷикистон гарчанде таърихи тӯлонӣ дорад, аммо дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат рушд намуд.

 

Бунёди роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб, Ваҳдат –Ёвон бозгӯи татбиқи  тарҳҳои бузург

 

Ин аст, ки бо мақсади густариши соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба давлати транзитӣ табдил додани он зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар самти нақлиёти роҳи оҳан ва сохтмони роҳҳои оҳани дохилию минтақавӣ тарҳҳои бузург амалӣ гардиданд. Роҳи оҳани «Бохтар –Кӯлоб» соли 1999 бо масофаи 132 км, инчунин қитъаи роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон» бо масофаи 40,7 км  соли  2016 сохта, ба истифода дода шуданд. Қитъаи роҳи оҳани  сохташуда барои иқтисоди миллӣ муҳим буда, робитаи мустақиму устувори нақлиётиро байни марказ ва ҷануби мамлакат ба вуҷуд овард ва ба авҷи сохтмони корхонаҳои азими саноатию истеҳсолӣ дар мамлакат мусоидат намуд. Ба ҳам пайвастани қитъаҳои марказию ҷанубии роҳи оҳан ба содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам овард, ки бо хароҷоти кам ва ба масофаи нисбатан наздик борҳоро интиқол диҳанд. Дар ояндаи начандон дур ин қитъаи роҳи оҳан ҳамчун ҷузъи роҳи транзитӣ барои интиқоли борҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ва баромадан ба кишварҳои сеюм истифода хоҳад шуд.

Тавассути хатсайрҳои  байналмилалӣ беш аз 40 ҳазор мусофир интиқол дода шуд

 

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари байналмилалӣ қатораҳои мусофирбар дар хатсайри «Душанбе-Тошканд-Душанбе», «Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб», «Душанбе-Волгоград-Душанбе» ва «Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд» фаъолият  мекунанд ва  шумораи мусофирбарӣ дар нимсолаи аввали соли равон 43 ҳазор нафарро ташкил дод. Инчунин дар самти мусофирбарии дохилӣ қатораҳои мусофирбар дар хатсайрҳои «Душанбе-Бохтар-Кӯлоб-Душанбе» ва «Душанбе-Турсунзода-Душанбе» ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Тақвияти заминаи моддию техникӣ ва рушди инфрасохтори соҳа

 

Сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иброз намуд, ки дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ҷиҳати таҳкими  иқтидори техникии Роҳи оҳани Тоҷикистон 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 тепловоз, 2 вагон- тарабхона ва 1 дизел-поезди мусофирбар харидорӣ ва дастарас гардид, ки дар айни замон дар самти боркашонӣ ва мусофирбари байналмилалӣ фаъолият доранд.    Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории харидории вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону фондҳои маблағгузор ва шарикони рушд пешниҳод гардид. Инчунин 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, аз ҷумла бинои нави замонавии истгоҳҳои Хонақо, Истиқлол,  Хуҷанд, Ёвар, Маҳрам, Кӯлоб, Спитамен, Айнӣ Сангтӯда, Ҷалолиддини Балхӣ, Бостон ва Баҳор  сохта, бинои истгоҳҳои роҳи оҳани Қайроққум, Регар, Душанбе-1, Душанбе-2, Данғара, Ҳулбук, Исфара, Конибодом, Шаҳритус ва Хушодӣ бозсозӣ гардиданд. Ҳамзамон дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» имрӯзҳо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории сохтмони хатти нави роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён» ва роҳи оҳани фаръии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳия шудаанд, ки марказҳои иқтисодии ҷануби Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо ва роҳҳои оҳани минтақа пайваст менамоянд.

Суръати рушди иқтисодиёт дар назди роҳиоҳанчиён вазифаҳои муҳим гузоштааст

 

 «Суръати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар назди мо – роҳиоҳанчиён вазифаҳои муҳим  гузоштааст, ки амалӣ намудани онҳо маблағгузории калон ва таҷдиди   парки техникии корхонаро тақозо менамояд. Вақт ва давраҳои тайшуда гувоҳи он мебошанд, ки ҳама гуна кор имконпазир аст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки минбаъд низ роҳиоҳанчиён бо мақсади рушди соҳа ва дар маҷмуъ ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ саҳми бориз хоҳанд гузошт.  Мо ояндаи наздик татбиқи лоиҳаҳои азими созандагиро ба нақша гирифтаем ва итминони комил дорем, ки бо меҳнати аҳлонаи роҳиоҳанчиён ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат аз уҳдаи иҷрои онҳо сарбаландона мебароем», гуфт дар хотима Комил Мирзоалӣ.

                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»